Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари хориҷиён ба Тоҷикистон осонтар мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, низоми раводиди сафари хориҷиёнро аз 68 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон ба маротиб осонтар кардааст.
Дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи ҷумъа гуфта шуд, тибқи қоидаи нав шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд, дар давоми се рӯз раводиди сафари Тоҷикистонро бигиранд. Тибқи дастури нав, онҳо ҳатто метавонанд, бидуни раводид ба Тоҷикистон сафар карда, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе барои мӯҳлати то 45 рӯз раводид бигиранд. Дар ҷаласа зикр гардид, мақсад аз ин сабукӣ афзойиши сафари хориҷиён ба Тоҷикистон бо мақсадҳои сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардист. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зудӣ номгӯи ин 68 кишварро нашр хоҳад кард. Ҳамзамон кишварҳое, ки ба ин номгӯ ворид нашудаанд, метавонанд, сабукиҳои ҳамсонро бо василаи созишномаҳои дуҷониба бо Тоҷикистон барои шаҳрвандони худ имконпазир гардонанд.
XS
SM
MD
LG