Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии журналисти амрикоӣ Ҷил Карол


Сардабири нашрия Ричард Бергенҳайм фарёд зад, ки дар умраш ҳаргиз ингуна хурсанд нашуда буд. Ҷил дафъатан баъд аз раҳоӣ нақл кард, ки рабояндагонаш бо ӯ муносибати хуб доштанд ва барояш иҷоза медоданд, ки рӯзномаҳоро бихонад ва телевизион бинад: "Муносибат бо ман хеле, хеле хуб буд. Маро дар як ҷои бисёр хуб ва амн нигоҳ медоштанд. Ҷиҳози ин хонаи хурд хеле хуб буд. Ба ман либоси зиёд дода буданд, Ғизо фаровон буд. Ман метавонистам ҳар вақт ки хостам, шустушӯ кунам. Онҳо ягон бор маро назадаанд ва ҳатто таҳдиди задан ҳам накардаанд."Аммо хабарнигори 28-солаи амрикоӣ гуфт, надонистани сарнавишти ояндаи худ фишоре буд, ки пайваста азияташ медод.

Тафсилоти озодии Ҷил аз асорат ҳанӯз ошкор нашудааст, вале гуфта мешавад, ӯро ҳафтуми январи имсол аз кӯча мусаллаҳони Гурдони интиқом, як гурӯҳи ситезаҷӯи ироқӣ рабуд ва эълон кард, замоне ӯро озод хоҳад кард, ки ҳамаи занон аз маҳбасҳои нирӯҳои амрикоӣ ва ироқӣ раҳо шаванд. Телевизионҳои арабӣ наворҳоро бо пуштибонии гаравгон аз талаби рабояндагон борҳо намоиш додаанд: "Илтимос, хоҳиши онҳоро ҳарчи зудтар иҷро кунед. Фурсат танг аст, илтимос, зудтар. Фақат ҳамин." Ин навор рӯзи 9-уми феврал пахш шуда, рабояндагон ду дафъа мӯҳлати иҷрои талаби худро тағйир доданд.

Моҳи гузашта нирӯҳои ироқӣ ба чанд хона ҳамла карданд, аммо Ҷилро наёфтанд. Гуфта мешавад, танҳо бо мудохилаи чандин гурӯҳи исломии Ироқ, аз ҷумла Шӯрои уламои ислом, Ҷил ба озодӣ баромад. Ин хабар, тавре гуфтем мояи хурсандии ҳамаи журналистони ҷаҳон аст, аммо як таҳшини талх дар шодмониҳо боқӣ мемонад, ки чаро бояд журналистон қурбони ғалатҳои сиёстмадорон мешаванд. Ҷанги Ироқро Ҷил Карол сабаб нашудааст ва онгуна ки гуфта буд, танҳо барои он ба Ироқ сафар кард, то ҳақиқати ин ҷангро ба мардуми Амрико расонад.
XS
SM
MD
LG