Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русал" дар Тоҷикистон маркази тарҳҳои иҷтимоӣ ташкил мекунад


Ширкати «Русал»-и Русия тасмим дорад, моҳи маи соли ҷорӣ дар Душанбе Маркази тарҳҳои иҷтимоии худро таъсис диҳад. Константин Загребелний, раиси намояндагии «Русал» дар Тоҷикистон гуфт, боз шудани ин марказ ба афзоиши сармоягузории ширкат ба соҳаи иҷтимоии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард:
«Тарҳи нахустини иҷтимоии мо кӯмак ба парваришгоҳи кӯдакони гирифтори маризии полиомелит дар ноҳияи Ҳисор буд. Дар Русия таҷрибаи табобати ин қабил маризон вуҷуд дорад ва аз ин рӯ, мо мутахассисон аз созмони кӯдакони маъюби Русияро барои боздид ва баҳо додан ба ин парваришгоҳ даъват кардаем ва 10 апрели соли ҷорӣ онҳо вориди Тоҷикистон шуда ва ниёзмандиҳои ин парваришгоҳро мушаххас хоҳанд кард. Ва ба дунболи ин мо тарҳи мушаххаси кӯмак ба парваришгоҳи ноҳияи Ҳисорро омода хоҳем кард.»

Ва дар ҳамин ҳол, Александр Касаткин, сухангӯи дафтари намояндагии ширкати «Русал» дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин ширкат аз ибтидои фаъолият дар Тоҷикистон ҷиҳати пуштибонии тарҳҳои иҷтимоӣ ба ин кишвар ҳудуди 500 ҳазор доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG