Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Низомиёни баландпояи Покистон дар Душанбе

Сафари ҳайъати низомии Покистон таҳти сарварии Шаҳид Сиддиқ Тирмизӣ, раиси Ситоди воҳиди неруҳои мусаллаҳи Покистон ба Тоҷикистон поён ёфт. Дар давоми он ин ҳайъат бо бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистон роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва муштаракоти мубориза бо терроризм гуфтугӯ кард.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд ҳайати покистонӣ ҳамчунин аз пойгоҳ ва воҳидҳои низомии Вазорати дифои Тоҷикистон дидан намуд.
Вай афзуд, ҳайъати низомии Покистон бо намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистон масъалаи баргузории размоишҳои муштараки низомиёни ҳарду кишварро баррасӣ кард.
Вазорати дифои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки сафари ҳайати низомии Покистонӣ дар Тоҷикистон панҷ рӯз идома дошт.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Бодканд се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистонро ба зиндон маҳкум карданд

Бинои Додгоҳи ноҳияи Лайлак, 21-уми сентябри 2021

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистонро аз 8,5 то 15 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳукми додгоҳ 21-уми сентябр эълон шуд. Онҳо ба содир кардани ҷиноят ҳангоми низои мусаллаҳонаи моҳи апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гунаҳкор шудаанд.

Додгоҳ Акмалҷон Исоевро 15 сол ва Аюбҷону Амонҷонро 8,5-солӣ ба зиндон маҳкум кард. Пайвандонашон гуфтанд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бозбинии он шикоят хоҳанд бурд.

Бино ба санадҳое, ки пештар Радиои Озодӣ дастрас карда буд, ин афрод ба "хиёнат ба ватан", "ғайриқонунӣ гузаштан" аз марз ва "қочоқи маводи мухаддир" муттаҳаманд. Раъно Исоева, модари Акмалҷон Исоев, ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вакили мудофеъ хостааст, моддаи "хиёнат ба ватан" аз парвандаи ӯ ва ҳамроҳонаш (Аюбҷон ва Амонҷон) ҳазф шавад, вале додситон напазируфтааст.

"Ҳамчунин адвокат пешниҳод кард, ки бо далели тасдиқ нашудан, моддаи қочоқи маводи мухаддир аз парвандаи Акмалҷон бардошта шавад, аммо намояндаи додситонӣ чизеро ба назар нагирифт", -- афзуд ӯ.

Хонум Исоева аз тарзи боздошт ва тафтишу муҳокимаи фарзандаш норозӣ буд, чун мегуфт, "ба ӯ туҳмат карданд".

Ҳафтаи гузашта додгоҳи ноҳияи Лайлак ду шаҳрванди Тоҷикистон – Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бо гуноҳи “ҷиноят алайҳи сулҳ” ва “ғоратгарӣ” ба ҳабси абад маҳкум намуд.

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.

Ҳизби "Русияи воҳид" иддаои пирӯзӣ кард

Ҳизби "Русияи воҳид", ки аз пуштибонии ҳукумати Путин бархӯрдор аст, назар ба интихоботи панҷ сол пеш ройи камтар ба даст овард, аммо аксар курсиҳоро дар палатаи поёнии порлумони Русия соҳиб шуд. Гуфта мешавад, ин интихобот бо тақаллуб ва сохтакорӣ ҳамроҳ будааст. Интихоботи порлумонии Русия аз 17 то 19-уми сентябр баргузор шуд.

Як ниҳоди мустақили нозир ройдиҳии серӯзаро "яке аз ношаффофтарин" интихобот дар таърихи Русия номид.

Олмон ҳам рӯзи 20-уми сентябр гуфт, иддао дар мавриди фиребкорӣ бояд "ҷиддӣ гирифта шавад". Иттиҳоди Аврупо дар остонаи ройдиҳӣ фазои "тарсондан"-ро маҳкум кард. Бритониё ва Амрико ҳам ба ин мавқеи Иттиҳоди Аврупо ҳамназар буданд.

Ин интихоботро бахши муҳиме аз талошҳои президент Владимир Путин барои тақвияти қудрати ӯ дар пешоруи интихоботи президентии соли 2024 мешуморанд, ки Думаи давлатиро зери назорат бигирад.

Интихобот ҳамчунин бе ҳузури мухолифон баргузор шуд ва ҳизби Алексей Навалний, пешвои зиндонии мухолифин, "тундгаро" эълон шуд ва аз ширкат дар интихобот маҳрум шуд.

Путин рӯзи 20-уми сентябр дар як паём тавассути телевизиони давлатӣ аз мардуми Русия барои "боварӣ"-ашон сипос гуфт.

"Толибон" номи чанд мансабдори ҳукумати худро эълон кард

Ҷавоне дар кӯчаҳои Кобул парчам ва аксаи раҳбарони "Толибон"-ро ммефурӯшад. 27-уми августи соли 2021

Гуруҳи "Толибон" рӯзи 21-уми сентябр иҷрокунандаҳои мансаби вазири тиҷорат ва тандурустӣ ва муовинони ҳафт вазири дигарро эълон кард. Ҳамаи онҳо аъзо ва шахсони наздик ба "Толибон" ҳастанд. Дар миёнашон ҳеч зане нест.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва сухангӯи гуруҳи "Толибон", гуфт, "ин афрод бештар ба асоси тахассусу тавоноӣ таъин шуданд."

Ин дар ҳолест, ки қаблан эълони аъзои ҳукумати "Толибон" дар дохил ва хориҷи Афғонистон баҳси зиёдеро барангехт. Аксарият онро ба сабаби фарогир набудан танқид карданд, ҳарчанд "Толибон" бовар дорад, он ҳамашумул аст.

Набудани бонувон дар ҳукумати "Толибон" низ бо танқидҳои зиёде дучор шуд. Ҳафтаҳои гузашта бонувон дар Кобул бо нигаронӣ аз ояндаи худ роҳпаймоӣ карданд.

Талоши қудратҳои ҷаҳонӣ барои эҳёи музокироти ҳастаӣ бо Эрон

Вазирони корҳои хориҷии Бритониё, Чин, Фаронса, Олмон ва Русия ин ҳафта бо намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид мулоқот хоҳанд кард. Мавзӯи гуфтугӯи онҳо аз саргирии гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Теҳрон мебошад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Фаронса, Ҷен Дриан, рӯзи 20-уми сентябр хабар дод. "Гуфтугӯҳо бояд аз сар гирифта шаванд", -- афзуд ӯ. "Мо бояд ин ҳафта пешравӣ дошта бошем, то ин гуфтугӯҳо аз сар гирифта шавад", -- гуфтааст ӯ дар идома.

Гуфтугӯҳо байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳон дар бораи маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Теҳрон бар ивази аз байн бурдани таҳримҳо нисбат ба Эрон, аз моҳи июн ба ин тараф аз замони интихоб шудани Иброҳим Раисӣ дигар баргузор нашуда буд.

Иттиҳоди Аврупо барои аз саргирии гуфтугӯҳо миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ миёнҷигарӣ мекунад, то созише, ки бинобар берун рафтани Амрико аз он дар соли 2018 аз миён рафт, дигарбора барқарор шавад. Бритониё ва Амрико аз музокироти қатъшуда ибрози ноумедӣ кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Бритониё қабл аз мулоқот бо ҳамтои эрониаш Амир Абдуллоҳиён дар Ню-Йорк бо нашри як баёния гуфт, дар ҳоле ки Бритониё, Амрико ва шарикони дигар мехоҳанд, ки гуфтугӯ кунанд, Эрон музокиротро ба таъхир меандозад ва барномаи ҳастаии худро суръат мебахшад. "Ин ба он маъно аст, ки фазои камтаре барои дипломатия вуҷуд дорад", -- гуфтааст ӯ.

Як мансабдори Русия гуфт, сафари Путин ба Тоҷикистон "дар нақша аст"

Владимир Путин дар нишастҳои минтақавӣ дар Душанбе ба таври онлайн иштирок дошт. 17-уми сентябри 2021

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки сафари президент Владимир Путин ба Тоҷикистон "дар ояндаи наздик" анҷом хоҳад шуд. Андрей Руденко дар як нишаст гуфт, "ҳарчанд сафари давлатии президент ба Тоҷикистон аз пеш тарҳрезӣ шуда буд, мутаассифона, сурат нагирифт. Аммо ин сафар ҳамоно дар нақша ҳаст." Владимир Путин мебоист, 15-уми сентябри имсол бо сафари давлатӣ ба Душанбе омада, беш аз 20 санади ҳамкориро бо раҳбарияти Тоҷикистон имзо мекард. Инчунин, иштироки ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар пойтахти Тоҷикистон дар назар буд. Вале ӯ як рӯз пеш аз сафар гуфт, бинобар ошкор шудани сирояти коронавирус дар атрофиёнаш ночор гӯшанишинӣ мекунад.

Мактаби хусусии "Файз"-ро дар Хуҷанд бастаанд, "чун иншооти ҷашниро насупорид"

Бинои мактаби хусусии "Файз" дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дари мактаби хусусии "Файз"-ро бастаанд. Ин тасмим дар охири моҳи сентябр волидонро нигарон кардааст, чун ба мактаби дигар бурдани фарзандонашон вақт мегирад. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз дар замони таътили тобистона раҳбарияти мактабро огоҳ карда буданд.

Мактаби "Файз" пештар бо номи "Мактаби Сонмин" машҳур буд ва дар бинои кӯдакистони собиқ дар яке аз маҳаллаҳои Хуҷанд фаъолият дошт. Таълим дар он ба забони русӣ буд.

Маъмурияти мактаб гуфтанд, мақомот ду сол пеш иҷозаномаи фаъолияти онҳоро барои панҷ сол ва ба шарте дароз карда буданд, ки дар ҷойи дигар мактаби нав сохта, ба онҷо бикӯчанд. "Чун мактаб сохта нашуд, иҷозаномаро гирифтанд", -- мегӯяд Солиҷон Ашӯров, мудири мактаби хусусии "Файз".

Вай 21-уми сентябр гуфт: "Барои сохтани мактаби нав ба мо 0.8 гектар замин доданд. Шарт ин буд, ки мактаби нав ҳамчун иншооти ҷашнӣ то ҷашни Истиқлол сохта мешавад. Мутаассифона, мактаб сохта нашуд ва иҷозаномаи моро гирифтанд."

Ашӯров дар посух ба ин суол, ки чаро бино сохта нашуд, гуфт, "бунёди он оғоз шуда буд, аммо бо сабабҳои номаълум идома наёфт."

Дар мактаби "Файз" тақрибан 200 хонанда ва муаллим таҳсилу кор мекарданд.

Шаҳрдории Хуҷанд овозаҳоро дар мавриди сохтмони бинои истиқоматӣ дар ҷойи ин мактаб рад кард.

Ташкили мактаби "Файз"-ро дар Хуҷанд ба номи як шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ, Ли Ҷон Бун, вобаста медонанд. Хонум Бун соли 1994 намояндагии маркази созмони масеҳии "Сонмин Сунбогим"-ро дар Хуҷанд таъсис дода, ба камияш ду бор бо гумони "суистифода аз ному вазифа", "тақаллуби асноди расмӣ" ва "додани пора ба корманди мақомоти ҳукуматӣ" ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.

Холо тақдири ӯ маълум нест.

Вале мудири мактаби "Файз" мегӯяд, муассиси ин мактаб Ҳусейн Абдураҳмонов, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва иҷозаномаи фаъолиятро ду сол пеш ӯ гирифта буд.

Қирғизистон ба СММ пешниҳод кард, ба 1000 деҳаи кӯҳистонӣ ёрӣ расонад

Руслан Казакбоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, рӯзи 21-уми сентябр дар ҷаласаи 76-уми Маҷмааи умумии СММ бо ноиби дабири куллии ин созмон Кортнӣ Раттрей мулоқот кард.

Казакбоев дар ин мулоқот ба СММ пешниҳод кардааст, ки барои рушди 1000 деҳаи дурдасти кӯҳистонии Қирғизистон кумак расонад.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, чунин ташаббуси СММ дар оянда барои пуштибонӣ аз минтақаҳои куҳӣ дар тамоми дунё намунае хубе хоҳад шуд. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки Қирғизистон ташаббуси "Панҷсолаи амал барои рушди минтақаҳои куҳӣ"-ро рӯи даст мегирад.

“Қирғизистон ҳамчунин талош хоҳад кард, ки дар доираи СММ соли 2022 Соли байналмилалии кӯҳҳо эълом шавад”, - гуфтааст вазир.

Як ширкати русӣ парвози ҳавопаймоҳояшро ба Тоҷикистон бештар мекунад

Russia, S7 Airlines

Ширкати S7 ("Сибир") аз Томски Русия ба чаҳор минтақаи Тоҷикистон парвози изофии ҳавопаймоҳояшро ба роҳ мемонад. Аз 6-уми ноябр, ҳар шанбе, аз Томск ба Душанбеву Кӯлоб ва аз 7-уми ноябр ба Хуҷанду Бохтар парвози ҳавопаймоҳо дар назар аст. Тибқи талаботи ҷорӣ, мусофирон пеш аз сафар бояд ташхиси манфии коронавирусро дошта бошанд. Бо вуҷуди бештар шудани парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия, то ҳанӯз нархи билет баҳсбарангез мемонад. Намояндагони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтаанд, ҳоло нархи билет бамаротиб арзон шуда, барои равуо 5600-5900 сомониро ташкил медиҳад. Вале тавре хабаргузорӣ аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, нархи билет танҳо ба як самт, яъне аз Душанбе ба Маскав, аз 5000 то 6500 сомонӣ аст.

Дар Қазоқистон аз сабти навъи "Эта"-и коронавирус хабар доданд

Як мошини Ёрии таъҷилӣ дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон навъи "Эта"-и коронавирус, ки дар матбуот бештар бо номи "навъи нигерӣ" ёд мешавад, сабт гардидааст.

Дар ин бора рӯзи 21-уми сентябр вазири ҳифзи тандурустии он кишвар Алексей Тсой хабар дод.

Ба иттилои вазир, навъи "Эта" дар чаҳор минтақа – вилоятҳои Қарағанда, Павлодар, Мангистау ва шаҳри Нурсултон – сабт шудааст.

Вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон гуфт, навъи "Эта"-и коронавирус ҳанӯз моҳи декабри соли 2020 дар Нигерия ва Бритониё ташхис шуда буд.

Изҳороти Амрико ва Бритониё дар бораи интихоботи Русия

Аъзои Кумисюни марказии интихобот баргаҳои ройро мешуморанд. Маскав, 19-уми сентябри 2021

Департаменти давлатии Амрико 20-уми сентябр дар пайванд ба натиҷаҳои интихоботи Думаи давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар Русия, ки рӯзҳои 17-19-уми сентябр баргузор шуд, изҳоротеро нашр кард.

"Интихобот дар шароите баргузор шуд, ки ба изҳори иродаи озод ва одилона мусоидат намекард. Ҳукумати Русия аз қонунҳо дар бораи "созмонҳои мамнуъ", "агентҳои хориҷӣ" ва "созмонҳои номатлуб" сӯистифода карда, гуногунандешии сиёсиро сахт маҳдуд намуд ва ба шаҳрвандон иҷозат надод, ки ҳуқуқҳои сиёсӣ ва мадании хешро истифода бубаранд", - омадааст дар изҳороти Департаменти давлатӣ, ки дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст.

Ба гуфтаи масъулони Департаменти давлатии Амрико, Русия ба нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо иҷозат надодааст, ки интихоботро назорат кунанд ва ин чиз шаффофияти онро зери суол қарор дод.

Вазорати корҳои хориҷии Бритониё ҳам роҷеъ ба интихоботи вакилони Думаи давлатии Русия изҳоротеро нашр кардааст.

Бритониё баргузории интихоботи мақомоти маҳаллии Русияро дар "ҳудуди соҳибихтиёри Украина" маҳкум ва бори дигар таъкид кардааст, ки "ғасби Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014 ғайриқонунӣ буд ва мемонад".

Интихоботи вакилони Думаи давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар Русия се рӯз идома кард. Ин интихобот ҳам баҳсҳоеро дар дар пай дошт. Шоҳидон гуфтанд, ҳолатҳои овоздиҳӣ ба ҷои дигарон ва дур кардани нозирон аз минтақаҳои раъйдиҳиро мушоҳида кардаанд.

Додгоҳи аврупоӣ Русияро масъули "қатл"-и Литвиненко донист

Александр Литвиненко. Акс аз соли 2002

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо Русияро дар марги афсари пешини ФСБ, Александр Литвиненко, гунаҳкор донист.

Ӯ соли 2006, пас аз заҳролудшавӣ дар Лондон, даргузашт. Ташхиси тиббӣ дар баданаш нишонаҳои заҳри полониум-210-ро мушаххас кард.

Кремлин ҳукми додгоҳро "беасос" донист. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, рӯзи 21-уми сентябр гуфт: "Додгоҳи ҳуқуқи башар қудрат ё тавоноии фанниро дар бораи ин мавзуъ надорад. Ҳанӯз ҳеч натиҷаи ин таҳқиқот вуҷуд надорад ва чунин иддао ҳадди ақал исбот нашудааст."

Бозрасони Бритониё соли 2016 гуфта буданд, ки дар паси куштори Александр Литвиненко ҳукумати Русия меистад. Онҳо ҳамчунин ду шаҳрванди Русия – Андрей Луговой, ки ҳоло вакили порлумони Русия аст ва Дмитрий Ковтунро гумонбарони асосӣ донистанд.

Александр Литвиненко аз мунтақидони сарсахти ҳукумати Владимир Путин буд ва дар соли 2000-ум, баъди ба қудрат расидани ӯ, аз Русия фирор кард ва дар Бритониё паноҳ бурд.

Вай ҳаммуаллифи китоби пурсарусадои "ФСБ Русияро метарконад" аст.

Дар он китоб масъулияти таркишҳои пурқурбонии чанд бинои баландошёна дар шаҳрҳои гуногуни Русияро дар тирамоҳи соли 1999 ба дӯши ниҳодҳои амниятии Русия, аз ҷумла ФСБ, бор кардаанд. Ба бовари бисёриҳо, ин таркишҳо роҳи Путинро ба сӯи қудрат кушоданд.

Литвиненко бо вуҷуди пайдо кардани паноҳгоҳ дар Бритониё ҳамеша аз сарнавишти худ изҳори нигаронӣ мекард ва мегуфт, ҷосусони Кремл ӯро ҳатто дар хориҷ низ таъқиб мекунанд.

Дар Хирманҷо барои паноҳандагони афғон урдугоҳ месозанд

Акс аз бойгонӣ.

Қарор аст, Тоҷикистон бо ёрии Иттиҳоди Аврупо дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин) барои паноҳандагони афғон як урдугоҳ бисозад. Деҳаи Хирманҷо дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.

Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои сохтани урдугоҳ ё паноҳгоҳ дар баробари мавзеи Хирманҷо боз ду макони дигарро ҳам интихоб кардаанд.

"Сафири Иттиҳоди Аврупо ба дидани маконҳое меояд, ки дар онҷо урдугоҳ бояд сохта шавад. Пас аз ин, сохтани урдугоҳ дақиқ хоҳад шуд. Ҳоло ду-се мавзеъ дар ноҳияи мо мушаххас шудааст", -- афзуд манбаъ, ки нахост номаш зикр шавад.

Раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарии тобистонааш гуфт, онҳо дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) бо кумакҳои созмонҳои байналмилаӣ як урдугоҳ месозанд.

Пеш аз ин Иттиҳоди Аврупо эълон карда буд, ки барои кумак ба паноҳҷӯёни Афғонистон дар хоки Тоҷикистон 160 ҳазор евро ҷудо мекунад.

Дар баёнияи ин ниҳод аз 14-уми сентябр гуфта шуда буд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, эҳтимол то 5 ҳазор фирориён паноҳ баранд.

Эълони Иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар мулоқоташ бо Мулугета Зевди, роҳбари намояндагии Комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR), аз набудани ёрӣ дар "20 соли гузашта" шикоят карда буд.

Пас аз суқути вилоятҳои шимолии Афғонистон ба дасти «Толибон», садҳо нафар ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Тоҷикистон фирор карданд. Баъзе аз онҳо, бахусус низомиён, ба кишвари худ бозпас фиристода шуда, қисме дар вилояти Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо бо такя ба UNHCR – Дафтари Созмони Милал дар умури паноҳандагон пешбинӣ кардааст, ки "то охири соли 2021 метавонад, дар Тоҷикистон то 50 ҳазор гуреза сабти ном шавад".

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад.

Дар боғҳои тафреҳии Ишқобод пулиси ахлоқ амал мекунад

Яке аз боғҳои истироҳатӣ дар Ишқобод. Акс аз бойгонӣ.

Пулиси шаҳри Ишқободи Туркманистон дар боғҳои фароғатӣ назоратро сахттар кардааст. Ҳолатҳои боздошти ҷавонон дар боғҳои Ишқобод афзудааст.

Пулис назорат мекунад, ки сокинон дар боғҳо бо кӣ мешинанд.

Ҳамроҳ нишастани писар ва духтари ҷавон боис мешавад, ки пулиси ахлоқ ба суроғи онҳо равад. Пулис метавонад, бо ҳам нишастани онҳоро манъ кунад.

Дар сурате, ки агар ҷавонон бо ҳам пайванде надошта, балки ҳамдарс бошанд, онҳоро ба идораи пулис хоҳанд бурд.

Назорати пулис дар Туркманистон одатан дар остонаи ҷашнҳои давлатӣ сахттар мешавад. Ҳоло он кишвар ба таҷлили 30-солагии истиқлоли давлатиаш омодагӣ мегирад.

Дар тирандозии Алмаато панҷ нафар ҷон бохтанд

Пулиси Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар Алмаато пулис гуфт, ки ҳангоми аз як манзил берун кардани оилае дар ноҳияи Алатоу, бар асари тирандозӣ панҷ нафар ҷон бохтанд.

Яке аз нафароне, ки бояд маҷбуран аз хонааш берун карда мешуд, марди 54-сола буда, эҳтимолан ӯ тир холӣ кардааст. Дар натиҷа, ду корманди пулис, як судиҷрочӣ ва ду шахси мулкӣ кушта шуданд.

Пулис гуфт, ки марди ҳамлагар боздошт шудааст ва вазъият таҳти назорат аст. Маълум нест, ки оё касе дар ин ҳодиса маҷруҳ шудааст ё на.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое нашр шуд, ки дида мешавад дар назди як манзил ходимони пулис ва мошинҳои онҳо қарор доранд. Таҷрибаи маҷбуран аз хона берун кардани хонаводаҳо маъмулан нисбати қарздорони бонкҳо татбиқ мешавад.

Шонздаҳ дарсади аҳолии калонсоли Узбекистон зидди КОВИД-19 ваксина гирифтанд

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, 16 дарсади сокинони калонсоли ин кишвар зидди коронавируси нав эм карда шуданд.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Узбекистон, то 15 сентябр ба 10,2 миллион сокини он кишвар мояи якуми ваксинаи зидди коронавирус гузаронида шудааст. Ба ҷуз ин, 16 дарсад ё 3,4 миллион шаҳрванди калонсоли дигар ҳар ду мояи ваксинаро дарёфт кардаанд.

Эмкунии оммавии сокинони Узбекистон 1 апрели соли равон оғоз шуд. Порлумони ин кишвар охирҳои моҳи июл қонун дар бораи ҳатмӣ шудани эмкунӣ зидди коронавируси навро қабул кард.

Пешсафии Раҳим Азимов, зодаи Тоҷикистон, дар интихоботи Русия

Раҳим Азимов зодаи шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара аст

Раҳим Азимов, зодаи Тоҷикистон, дар интихоботи порлумонии Русия, ки аз сӯйи мақомот таъриф, вале аз сӯйи мухолифин танқид шуд, аз рақибонаш ройи бештар гирифтааст. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, ӯ дар ҳавзаи якмандатии 105-уми вилояти Киров тақрибан 44 дарсади овози мардумро соҳиб шуд.

Азимов аз соли 2016 то ин дам низ вакили Думаи давлатӣ ё порлумони Русия буд. Вай рӯзи 20-уми сентябр дар паёме аз сокинони вилояти Киров барои пуштибонияшон сипос гуфт. Раҳим Азимов узви ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" аст.

Интихоботи порлумонии Русия аз 17 то 19-уми сентябр баргузор шуд. Дар ҳоле ки мақомот аз тарзи баргузории он ситоиш карданд, мухолифон ва нозирони бетараф онро пур аз қонуншиканӣ хонданд.

Раҳим Азимов зодаи шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара аст. Соли 1964 дар оилаи коргар ба дунё омада, Донишгоҳи маъданшиносии ба номи Г.В.Плеханови шаҳри Ленинградро аз рӯи ихтисоси "технология ва механизатсияи коркарди маъдан" хатм кардааст.

Пас аз хатми донишгоҳ дар Русия монда, дар соҳаи саноат ба фаъолият идома дод. Дар охири солҳои 90-ум намояндаи доимии Ҷумҳурии Комӣ дар назди президенти Русия ва раҳбари иҷроияи барномаҳои Бунёди минтақавӣ барои Шимоли Русия буд.

Хатмкардаи Академияи дипломатияи Вазорати корҳои хориҷии Русия ва донишгоҳи умури дохилии Санкт-Петербург ва доктори илмҳои техникӣ аст.

СММ: Тоҷикистон дар мақоми поини ташаббусҳои зеҳниву рушди илмӣ

Кӯчае дар Душанбе

Тоҷикистон дар гузориши СММ оид ба Шохиси ҷаҳонии ташаббусҳо аз миёни 132 кишвар дар ҷои 103-юм қарор гирифтааст. Гузорише, ки пешрафтҳои илмиву иҷтимоӣ ва ҳам вазъи сиёсии кишварҳоро аз соли 2007 таҳқиқ мекунад, яке аз таҳқиқоти ҳарсолаи мутахассисони Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ мебошад. Пажӯҳиши имсола бар асоси 81 нишондод, аз ҷумла, таъсири пандемияи COVID-19 ба паҳлӯҳои мухталифи ҷомеаҳо барпо шудааст. Пажӯҳишгарон, аз ҷумла, нишондодҳои мисли сармояи инсонӣ, зербунёдҳо, рушди тиҷорату соҳибкорӣ, фанновариҳо ва ташаббусҳоро дар ҳар кишвар мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Нишонодҳои Тоҷикистон аз назари фазои сиёсӣ, шароити тиҷорату соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ба инсон, рушди илмӣ, маҳсулоти зеҳнӣ ва фаннӣ дар қиёс бо кишварҳои дигар чандон баланд нест.

Дар феҳристи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ин назар Швейсария, ИМА, Бритониёи Кабир, Ҷумҳурии Корея, Нидерланди, Финляндия, Сингапур, Дания ва Олмон ёд мешаванд. Чин дар ҷои 12, русия дар мақоми 45 ва Беларус дар мақоми 62-юм мебошанд. Муҳаққиқон гуфтаанд, ки таъсири бӯҳрони пандемияи коронавирус дар иқтисоди кишварҳои зиёд “ба таври нобаробар ва номуназзам” будааст. Масалан, ширкатҳое, ки бо хадамоит интернетӣ машғул ҳастанд, сармоягузорӣ ба кору ташаббусҳои худро афзоиш дода, бо рушди барномаҳои интернетӣ, маҳсулоти доруворӣ ва биотехнологияҳо машғул шудаанд. Дар соҳаҳои мисли нақлиёту ҷаҳонгардӣ нишондодҳо поин омадаанд. Дарен Танг, раҳбари калони Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ зимни муаррифии ин гузориш гуфтааст, бархе соҳаву ширкатҳо, мисли онҳое, ки бо хадамоти рақамӣ ва интернетӣ машғуланд, дар баробари зарбаҳои пандемияву воқеиятҳои нав “истодагарӣ карданд”. Ӯ гуфт, “ташаббус ва навкорӣ дар раҳоӣ аз саддҳову чолишҳои умумӣ нақши хеле муҳим мебозанд”. Дар Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус ва пеш аз он ҳам интиқодҳо аз то рафт бад шудани хадамоти интернетӣ, суръати заъифу нархномаҳои баланди ин хадамот интиқодҳо зиёд садо додааст. Бархе соҳибкорони пешқадам дар Тоҷикистон ҳам аз солҳо пеш мегӯянд, ки барои кишвари вобаста аз даромадҳои муҳоҷирон ва бо захираҳои начандони ғании табиӣ маҳз интернет метавонад шонсе барои пешбурди соҳаи соҳибкориву тиҷорат ва сармоягузорӣ, пайдо шудани хадамоти нави тиҷоратӣ тавассути шабакаи интернетӣ шавад. Мунаққидони ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани дастрасӣ ба интернет бо ҳадафҳои сиёсӣ ва ҳам вуҷуди фасод дар муҳити сармоягузории кишвар интиқод мекунанд. Сомонаи таҳлилии datareportal.com мегӯяд, Тоҷикистон аз назари суръати Интернет дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аз ҳама охир қарор дорад.

Дар Алмаато марде панҷ нафар, аз ҷумла ходимони полис ва судиҷрочиро куштааст

Акс аз бойгонӣ

Дар Алмаато полис гуфт, ки ҳангоми аз як манзил дар ноҳияи Алатоу берун кардани оилае марде тир кушод ва панҷ нафарро кушта бар ҷой гузошт. Яке аз нафароне, ки бояд маҷбуран аз хонааш берун карда мешуд, марди 54-сола буда, эҳтимолан ӯ тир холӣ кардааст. Дар натиҷа, ду ходими полис, як судиҷрочӣ ва ду марди мулкӣ кушта шуданд. Полис гуфт, ки марди ҳамлагар боздошт шудааст ва вазъият таҳти назорат аст. Маълум нест, ки оё касе дар ин ҳодиса маҷруҳ шудааст ё на.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳое нашр мешавад, ки дида мешавад дар назди манзиле ходимони полис ва мошинҳои онҳо қарор доранд. Таҷрибаи маҷбуран аз хона берун кардани хонаводаҳо маъмулан нисбати қарздорони бонкҳо татбиқ мешавад.

Тафсилоти нави тирандозӣ дар Перм. Ҳамлагар дар ҳолати сангин дар беморхона аст. ВИДЕО

Дар назди донишгоҳи Перм. 20-уми сентябри соли 2021

Марде, ки ба тирандозӣ дар Донишгоҳи давлатии Перм гумонбар мешавад, дар ҷараёни боздошт маҷрӯҳ шуда, ҳоло дар ҳолати сангин дар беморхона қарор дорад. Кумитаи тафтишоти Русия бо пахши изҳороте гуфт, дар ҳамлаи рӯзи 20-уми сентябр шаш нафар кушта ва 28 кас захмӣ шуданд. Қаблан ин кумита шумори кушташудаҳоро ҳашт нафар гуфта буд.

Вазорати беҳдошт гуфт, 24 нафар осори захмро дар беморхона табобат мекунанд. Сухангӯи донишгоҳи Перм Наталя Печишева, ки қаблан гуфта буд, ҷавони тирандоз “нобуд карда шудааст”, дертар хабар дод, ки ӯ дар идораи полис мебошад.

Назди Донишгоҳи давлатии Перм. 20-уми сентябри соли 2021
Назди Донишгоҳи давлатии Перм. 20-уми сентябри соли 2021

Дар як навори видеоӣ дида мешавад, ки марди мусаллаҳ дар дохили ҳавлии донишгоҳ пайдо мешавад. Ӯ тахминан соатҳои 11-и субҳ ба яке аз биноҳои донишгоҳ ворид шуда, оташ мекушояд. Шабакаи REN TV наворҳоеро нишон дод, ки дида мешавад бархе аз тарс худро аз ошёнаи дуюм ба замин мепартоянд.

Хадамоти матбуоти донишгоҳ гуфт, ки гумонбар дар даст силоҳе дошт, ки бо тири пластикӣ мусаллаҳ шуда буд. Ингуна силоҳҳо метавонанд бо тирҳои воқеӣ пур карда шаванд. РИА Новости маълум кардааст, ки гумонбар силоҳро аз роҳҳои қонунӣ харидааст.

Перм дар 1200-километрии шимолушарқи Маскав ҷойгир буда, баробари рӯ додани ҳодисаи тирандозӣ маъмурият аз донишомӯзон талаб кард, ки дари синфхонаро бубанданд. Дарсҳо бекор карда шуданд. Дар ин донишгоҳ 12 ҳазор нафар таҳсил мекунад ва ба ҳангоми тирандозӣ 3 ҳазор нафар дар дохили донишгоҳ будааст.

Наворро дар инҷо бинед:

Ҳамлаи мусаллаҳона ба донишгоҳи Перм 8 куштаву чанд захмӣ дар пай дошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

 Гутерреш: Муборизаҳои дохилии «Толибон» барои қудрат талошҳои байналмилалиро ба ҳам мезанад

Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ

Дабири кулли СММ Анонио Гутерреш гуфт, ки “муборизаи идомаёбанда барои қудрат” дар миёни гурӯҳҳои рақиби аъзои «Толибон» вазъи Афғонистонро ба ҳам мезанад. Дар поёни моҳи августи соли ҷорӣ нирӯҳои байналмилалӣ Афғонистонро тарк карданд ва баъди 20 соли ҷангҳо гурӯҳи муҳофизакори исломии «Толибон» сари кор омад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол аз «Толибон» даъват дорад, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил шуда, кишварро ба “паноҳгоҳи террористон табдил надиҳад”. Гутерреш гуфт, андешаи ин ки гӯё бо вориди Афғонистон шудани СММ дар аҳди «Толибон» якбора ҳукумати фарогир аз намояндагони гурӯҳу қавмҳои мухталиф созмон меёбад, ҳуқуқҳо таъмину ин қаламрав аз террористон озод мешавад, “хаёли хом аст”. Ӯ гуфт, ки “тавон ва имкониятҳои СММ маҳдуд аст”, вале, ба гуфтааш, ин ниҳод метавонад дар кишвари ҷангзада аз назари ёриҳои башарӣ нақши калидӣ иҷро кунад.

Гутерреш дар остонаи шурӯи мубоҳисаҳои баландпоя дар Маҷмаи кулли СММ, ки аз рӯзи 21-уми сентябр оғоз мешавад, ба АП гуфт: “Маълум аст, ки дар миёни гурӯҳҳои мухталифи раҳбарияти «Толибон» мубориза барои қудрат ҷараён дорад. Вазъият норӯшан боқӣ мемонад”.

«Толибон» рӯзи 7-уми сентябр аъзои ҳукумати нави худро эълон карданд, ки аксаран аз аъзои собиқадори ин созмон ва бар асоси феҳристи СММ ва ИМА ба ҳайси афроди хатарноку террорист ва мамнӯъ иборат мебошанд. Гутерреш гуфт, ки давоми ду даҳсола барои ҳалли мушкилоти Афғонистон трриллионҳо доллар равона шуд, вале “Толибон” дубора сари қудрат омаданд.

Гутерреш гуфт, ин андеша ғайривоқеӣ аст, ки СММ омада дар як фурсати кӯтоҳ метавонад ҳукумати фарогире сохта, риояи озодиҳову ҳуқуқҳоро таъмин мекунад ва намегузорад, ки террристон аз хоки Афғонистон истифода кунанду қочоқи маводи мухаддир хотима ёбад.

Гутерреш дар сӯҳбат бо CNN гуфт, ки СММ дар тамос бо “Толибон” талош дорад, ки ёриҳои башариро ба ин кишвар бирасонад. Ӯ гуфт, ки СММ талош дорад “онҳоро ба дарки зарурати ҷалб шудани “Толибон” ба барномаҳои башардӯстона водор намояд”. Ӯ инчунин гуфт, ки СММ талош дорад ба “Толибон” зарурати дарки ҳамраъйии ҷомеаи байналмилалӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи кору таҳсили занону духтаронро расонад, ки, ба гуфтааш, баъдан роҳро барои эътирофи ҳукумати “Толибон” ҳамвор мекунад.

Ҳеҷ давлати хориҷие ҳукумати “Толибон”-ро эътироф накардааст. “Толибон” гуфтаанд, ки кишвар “аморати исломӣ” мешавад ва мудирияти он бар асоси қонунҳои шариати исломӣ ба роҳ монда мешавад. Мақомоти амрикоӣ аллакай ҳушдор доданд, ки дар хоки Афғонистон таҳдидҳои байналмилалии террористии мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” ваё бахши маҳаллии он “Шохаи Хуросони Давлати исломӣ” амал мекунанд. Ҷангиёни гурӯҳи дуюм масъулияти ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии Кобулро дар таърихи 26-уми август ба ӯҳда гирифтанд, ки ҷони даҳҳо нафар – асосан хосторони тарки Афғонистон карданро гирифта буд.

Рӯзи 19-уми сентябр дар як изҳороте ин гурӯҳ иддао кардааст, ки давоми рӯзҳои истироҳати гузашта чандин мошини “Толибон”-ро дар шарқи Афғонистон ҳадаф қарор додааст. Санҷиши дурустии ин иддао феълан имкон надорад, вале гуфта шуд, ки дар ҳамлаҳои 18 ва 19-уми сентябр дар Ҷалолобод дасти кам 8 нафар, аз ҷумла ҷангиёни "Толибон" кушта шуданд.

Оташфишонии вулқоне дар Испания боиси кӯчондани сокинони чор деҳа шуд

Вулқони Ла Палма бедор шуда оташ гирифт. Шаби 19 ба 20-уми сентябр

Дар ҷазираи Канари Испания баъди оташ гирифтани вулқоне дар Ла Палма сокинони чор деҳаи атрофро аз наздикиҳои он берун бурданд. Вулқон рӯзи 19-уми сентябр ногаҳон бедор шуд ва мавҷи оташу дуд ба осмон ва аз он ҷо ба самти деҳаҳои атроф паҳн гардид. Мақомот дар навбати аввал гурӯҳи осебпазир ва ҷонварони фермаҳои маҳаллиро аз деҳоти атрофи вулқон наҷот доданд.

Ҷазираҳои Канари дар 100-километрии соҳилҳои ғарбии қораи Африқо ҷойгир буда, макони вулқони Ла Палма дар канортарин ҷазираи шимолуғарб ҷойгир аст. Сабтҳои видеоии шабонгоҳ сабтшуда нишон медиҳад, ки мавҷи гарми алангаи оташ нахуст ба баландии зиёд мепарад ва баъд ба замин афтода ба поён мерезад.

Нахуствазири Испания Педро Санчез чанд соат баъди шурӯи оташфишонии вулқон ба Ла Палма парвоз карда бо мақомоти маҳаллӣ ҳамсӯҳбат шуд.

Канари як макони бисёр маъруфи истироҳатӣ мебошад ва ба иттилои хабаргузориҳо, фурудгоҳи ҷазира ба таври маъмулӣ кор мекунад ва ҳеҷ парвозе бекор нашудааст. Ба иттилои президенти ҷазираҳои Канари, то шоми якшанбе 5 ҳазор сокини деҳоти атрофи вулқон берун бурда шуданд. Виктор Торрес гуфт, ки оташи вулқон ба самти ҷазира ҳаракат карда, ҳар чизи пахшкардаашро нобуд мекунад. Ҳафтаи гузашта макони Кумбре Вйехаи Ла Палма шоҳиди як силсила тапишҳои замин шуд ва мақомоту сокинони маҳаллиро дар ҳолати омодабош қарор дод. Бори охир соли 1971 баъди айни чунин ҳолат Ла Палма шоҳиди оташфишонии вулқон шудааст.

Ҳашт кушта ва чандин захмӣ дар ҳамлаи мусаллаҳона ба Донишгоҳи Перм. Мақомот: Ҳамлагар нобуд карда шуд. ВИДЕО

Назди Донишгоҳи давлатии Перм. 20-уми сентябри соли 2021

Марде, ки дар Донишгоҳи давлатии Перми Русия рӯзи 20-уми сентябр оташ кушод ва ҳашт нафарро кушт, аз ҷониби мақомоти интизомӣ "нобуд карда шуд". Қаблан дар як изҳороти Кумитаи тафтишот гуфта буд, ки “гумонбар ҳангоми муқовимат маҷруҳ гардид”.

Дар ҳамин ҳол, Телеграм канали “Маш” навишт, ҳамлагари эҳтимолии боздоштшуда Тимур Бекмансуров ном дорад. Мақомот ҳанӯз ин маълумотро тасдиқ ё рад накардаанд.

Матбуоти маҳаллӣ менависад, ҳамлагар ба яке аз биноҳои донишгоҳ ворид шуда, оташ кушод. Шабакаи РЕН ТВ саҳнаҳои аз ошёнаи дуюм паридани одамонро дар яке аз биноҳои донишгоҳ намоиш дод.

Назди Донишгоҳи давлатии Перм. 20-уми сентябри соли 2021
Назди Донишгоҳи давлатии Перм. 20-уми сентябри соли 2021

Перм макони зисти 1 миллион нафар буда, дар 1400-километрии шамолушарқи Маскав ҷойгир аст. Маъмурияти донишгоҳ дар саҳифааш дар паёмрасони VKontakte навишт, ба донишҷӯёну маъмурият гуфта шуд, ки дари синфхонаҳоро банданд, дарсҳо бекор шудааст.

Дар давоми чор моҳи гузашта ин дуюмин ҳодисаи тирандозӣ дар дохили муассисаи таълимӣ дар Русия мебошад.

Дар ҳодисаи моҳи майи имсол ҳамлагари мусаллаҳ Илноз Галявиеви 19-сола, ки нӯҳ касро кушта, чандин нафарро маҷрӯҳ кард, бемори рӯҳӣ будааст. Пас аз ин ҳодиса қонунгузорон фурӯши силоҳро дар Русия маҳдуд карданд.

Ҳодисаи мудҳиши террористӣ соли 2004 дар шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ рух додааст. Рӯзи 1-уми сентябр гурӯҳи мусаллаҳе садҳо хонандаи мактабу омӯзгоронро гаравгон гирифта, 330 нафарро ба қатл расониданд. Баъди ин масъалаи таҳкими амният дар муассисаҳои таълимии Русия аз тақозоҳои ҷиддии давлат шуд.

Наворро дар инҷо бинед:

Ҳамлаи мусаллаҳона ба донишгоҳи Перм 8 куштаву чанд захмӣ дар пай дошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Навбатпоиҳои тӯлонӣ барои қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон

Красногорск, ҷамъи муҳоҷирон. 17-уми сентябри соли 2020

Бо наздик омадани поёни муҳлати қонунӣ намудани буду боши шаҳрвандони хориҷӣ, дар назди марказҳои муҳоҷиратии Русия ин бор ҳам навбтапоиҳои тӯлониии муҳоҷирон шурӯъ шудааст. Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани наворҳо аз манотиқи гуногун мегӯянд, барои гирифтани патент соатҳо интизорӣ мекашанд. Аз ҷумла дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Қазон расидааст, анбӯҳи муҳоҷирон дида мешавад. Ҳарчанд аз моҳи июн то 30-юми сентябри имсол тибқи фармони президенти Руси Владимир Путин мақомот ҳақ надоранд муҳоҷиронро аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд ва ё дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба ҳудуди ин кишвар қарор қабул намоянд, вале рейдҳо пайваста идома дошт. Муҳоҷироне, ки ҳуҷҷатҳояшон дуруст нест, ба шӯъбаи пулис бурда ва ҷарима карда мешаванд. Дар ин баробар аз ҳамаи онҳо аксу изи ангушт гирифта ва дар бойгонии маълумот ворид карда мешавад.

П.Муллоҷонов: Тоҷикистон бояд ба озод кардани ду шаҳрвандаш дар Қирғизистон иқдом кунад

Парвиз Муллоҷонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. 9 сентябри соли 2021

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо намуд, ки барои аз зиндон озод кардани ду шаҳрванди маҳкумшудааш дар Қирғизистон даст ба кор шавад. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Қирғизистон Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, сокинони вилояти Суғдро дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрели имсол ба ҳабси абад маҳкум кард. Ин ду нафар ба ҷиноят бар зидди сулҳ ва ғоратгарӣ гунаҳгор дониста шуданд. Додгоҳ дар пушти дарҳои баста ҷараён гирифт ва шаффофияти он ва риоя шудани ҳуқуқи маҳкумшудаҳо зери суол аст.

Муллоҷонов дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 16-уми сентябр навишт: “Агар ҳукумати Точикистон барои наҷоти ин ду шахс ба таври ҷиддӣ талош накунад, дигар дар оянда, агар мабодо даркор шавад, бисёриҳо дар ин минтақа барои ҳимояи меҳан намехезанд”. Ин сиёсатшинос мегӯяд, «на танҳо мардум бояд давлатро ҳимоя кунад, балки давлат ҳам бояд ҳар як шаҳрванди худро бо ҳар роҳу васила пуштибонӣ кунад”.

Дар ҳамин ҳол, муҳокимаи се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрел дар додгоҳи вилояти Бодканд идома дорад. Айбдоркунанда дар мурофиае, ки ҳамчунон пушти дарҳои баставу ношаффоф мегузарад, рӯзи 15-уми сентябр талаб кард, ки гумонбарон ба мӯҳати 20 сол зиндонӣ шаванд. Интизор меравад, ҳукми онҳо 21-уми сентябр эълон шавад.

Мурофиаҳои судии мазкур панҷ моҳ баъди муноқишаи пурхушунати марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад, ки дар он даҳҳо шаҳрванд аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд. Душанбеву Бишкек дар рӯй додани ин муноқиша ҳамдигарро гунаҳгор карданд ва равобити сиёсиву дипломатии ду кишвар пуртаниш шуд.

Дар ҳамла ба донишгоҳи Перм 5 кас кушта шуд

Рӯзи 20-уми сентябр шахси номаълум дар бинои Донишгоҳ давлати Перми Русия оташ кушод. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки дар ин тирандозӣ 5 нафар куштаву шаш нафар захмӣ гардиданд. Дар Телеграм-канал наворҳои видеоие паҳн мешавад, ки дар он дида мешавад одамон аз тирезаҳои донишгоҳ ба замин мепаранд, то ки наҷот ёбанд. Вазорати умури дохилӣ гуфт, ки ҳамлагари эҳтимолӣ боздошт шудааст. Вале Телеграм-канали «112» мегӯяд, ки ҳамлагар кушта шудааст.

Baza менависад, ки ҳамлагар бар асари захми бардоштааш ҷон дод. Волии Перм гуфт, ки “яке аз ҳамлагарон” нобуд карда шуд, иттилоъ дар бораи шарикони эҳтимолии ҳамлагар санҷида мешавад. Бар асоси бархе манбаъҳо, гумон меравад, ки ҳамлагар 18 сол дошт ва ба ин ҳамла аз муддатҳо пеш омодагӣ дидааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG