Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи гирифторони ангали HIV зиёд шудааст


Шумораи шаҳрвандоне, ки ба таври махфӣ аз муойинаи тиббии ташхиси ангали HIV (ВИЧ) мегузаранд, дар Тоҷикистон қариб сеюним баробар зиёд шудааст. Ин яке аз натиҷаҳои кори Маркази мубориза бо AIDS(СПИД)-и кишвар унвон шуда, дар иҷлоси он дар Душанбе зикр гардид, ки густариши муойина ба ифшои шумораи нави гирифторон мусойидат кард. Чунончи, ошкор шудани беморони нав аз аввали сол, шумораи умумии онҳоро ба 506 нафар расондааст. Аммо гуфта шуд, ки ҳол танҳо 15 дарсади аҳолӣ аз чунин ташхис гузаштаанд ва Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, кӯшиш дорад, то поёни сол ин ададро ба 60 дарсад расонад.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Бунгоҳи рушди байнулмилалии Иёлоти муттаҳида дар татбиқи ин барнома ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва созмонҳои ғайриҳукуматии ин кишвар мадад мерасонад.
XS
SM
MD
LG