Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтори рӯшод аз маҳалгароӣ


Коргардон -- Салими Аюбзод Маҳалгароӣ оё чӣ дарди иҷтимоист ва аз куҷо маншаъ мегирад? Таъсири он ба умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон чист? Оё чигуна метавон онро аз миён бардошт?

Чанд сол пеш яке аз шумо дар номаҳои электронӣ, ки ба мо менавишт, далелҳо меовард, ки бояд масъалаи маҳалгароӣ мавриди баҳсу таҳлил қарор гирад. Аз номаҳои ӯ дарди дилашро мешуд, ҳис кард. Вай менавишт, ки "маҳалгароӣ мисли омоси саратон дар тани ҷомеаи тоҷик, муҳимтарин аъзои онро хароб мекунад." Ва посухи мо, ки чунин баррасӣ дар ҳоле ки кишвар акнун аз ҷангу ошӯб раҳо меёбад, ба ҷои даво заҳр хоҳад буд, ӯро асабонитар мекард. Боз менавишт, ки гуфтугӯи рӯшод заҳр на, подзаҳр хоҳад буд ва фақат чунин гуфтугӯи ошкоро метавонад, роҳи шифоро падид оварад. Ниҳоят, вай мисли ин ки ноумед шуд ва дигар номае нанавишт, аммо ончи навишта буд, то ҳол дар гӯши ман садо медиҳад. Пас барномаи имрӯзаро ба ӯ мебахшем ва имрӯзу ҳоло кӯшиш мекунем, аз ин баҳси муҳим, ки дар сомонаи интернетии мо ҷараён дошт, натиҷаҳо гирем. Ин фақат як кӯшиш хоҳад буд, зеро наметавон чунин баҳсро ба осонӣ ҷамъбаст кард ва фикр кард, ки мушкил ҳал шудааст.

АЗ МАЙДОНИ БАҲС

Бештар аз як моҳ пеш, рӯзи 24-уми феврал ҳамзамон бо мусоҳибаи ҳамнафаси мо Абдуқаюми Қаюмзод бо доктор Акбари Турсон дар мавзӯъи сабабҳо ва таъсири маҳалгароӣ ба вазъи ҷомеаи тоҷик, дар Майдони баҳс саволе пайдо шуд, ки "Дарди маҳалгароӣ чӣ табобате дорад?" Ва дар таърихи сомонаи интернетии мо ин саволе буд, ки зиёдтар аз ҳама ба он ҷавоб омад. Ва то ҳол мардум фикри худро дар ин масъала менависанд ва бо ҳам вориди баҳс мешаванд.
Фишурдаи номаҳо чунин аст:
"Аксарият менависад, ки маҳалгароӣ дар Тоҷикистон имрӯз пайдо нашудааст, вале ахиран дар ҳоли шиддат гирифтан аст. Сабабҳои онро умдатан дар тақсими мансабҳои давлатӣ ва захираҳои моддӣ, камсаводӣ ва пастии сатҳи фарҳанг, камбуди муносибат байни манотиқи гуногун, вазъи умумии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебинанд.
Фирдавс бесаводиро решаи маҳалгароӣ меномад ва Толиб Мирзоев менависад, дар ҷомеаи бесавод баҳам задани маҳалгароӣ номумкин аст. Вале Ашӯр Назарзода мегӯяд, маҳалгароӣ бештар хоси босаводон аст, на одамони оддӣ.
Ба сифати роҳҳои табобати ин бемории ҷомеа аксарият адолати иҷтимоӣ, густариши муносибатҳои иқтисодӣ дар байни минтақаҳоро пешниҳод мекунанд.
Гулнора навиштааст, барои ин бояд воҳидҳои маъмурии вилоятӣ барҳам дода шуда, нақши ноҳияҳо дар умури кишвар афзойиш ёбад. Вай вилоятҳоро як тақсимоти маҳалгароёна номидааст. Толиб Мирзоев ва Мӯҳсин нақши расонаҳои ахбори омро дар коҳиши шиддати маҳалгароӣ муҳим донистаанд, аммо ба ақидаи Мақсад, густариши робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар байни маҳалу минтақаҳо метавонад ба ҳалли мушкил мусойидат кунад. Фарорудӣ навиштааст, бояд ҳар мансабдори давлат аз лиҳози маҳалгароӣ озмоиш шавад ва таблиғи адл дар сатҳи мактабу донишгоҳҳо густариш ёбад. Ва Бӯстон ба ақидаи раёсати бонавбати намояндагони минтақаҳои гуногун мухолифат карда, мегӯяд, бояд донишмандони мо роҳи усулитар ва маданитари ҳалли масъаларо пайдо кунанд."
Мухтасари номаҳои шумо буд, ки бо ирсоли онҳо ба "Майдони баҳс"-и сомонаи интернетии радиои Озодӣ қадам ниҳодаед. Қадами шумо муборак!

СӮҲБАТҲОИ САРИ РОҲ

Пеш аз он ки ақидаи донишмандону коршиносонро дар бораи маҳалгароӣ, решаҳои он ва таъсири он ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон шунавем, аввал гӯш медиҳем, ки мардуми оддӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе, ба масъала чи назар доранд.
Усулан, мо ба раҳгузарон танҳо як савол медодем ва ҷавоби онҳоро ҷамъ овардаву ба шумо пешкаш мекардем. Вале аз он ҷо ки ин мавзӯъ хеле мураккаб ва печидаву ҳассос аст ва то касе нагӯяд, ки суханашро нодуруст пахш кардаем, ҳамнафаси мо Нилуфари Собир, бо суолҳои пайиҳам раҳгузаронро моил ба ин кард, ки андешаи худро ба ҳар яке аз ҷанбаъҳои масъала баён доранд. Аввал посухҳоеро мешунавем дар бораи ҳастӣ ё нестии маҳалгароӣ:
-- Маҳалгароӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ҳанӯз вуҷуд дорад.
-- Пеш буду ҳоло нест. Ҳоло пешравии иқтисодӣ, ободонӣ ҳаст.
-- Дар идораҳои боломақом раҳбарон хешу табор ва ҳамшаҳриҳои бесаводашонро ба кор мегиранд.
-- Маҳалгароӣ вуҷуд дорад, аммо на ба дараҷаи пештара.
-- Бояд онро аз байн бурд. Ҳама тоҷикем ва бародари ҳамем.
-- Аслан набояд аз куҷо будани ҳамдигарро пурсем.
-- Ин як падидаи муваққатист ва бо баланд шудани ҳисси ватандорӣ аз байн меравад. Худо кунад, ки ҳама аз як ширебон сар барварда як миллати комилу барҷастаро ба вуҷуд оранд.
-- Одамон маҳалчигӣ мекунанд. Пеш набуд. Аз ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Бояд дарк кунанд, ки мо ҳама як миллатем.

Ин буд, ончи раҳгузарон дар бораи мавҷудияти маҳалгароӣ дар ҷомеаи тоҷик ба Нилуфари мо гуфтанд. Ва танҳо як нафар гуфт, ки маҳалгароӣ вуҷуд надорад ё агар дошта бошад ҳам, як падидаи муваққатист.

МАҲАЛГАРОИИ ХУБ?

Донишманди тоҷик Акбари Турсон ҳам дар мусоҳибаи худ ва ҳам дар матлабе, ки дар ду қисм барои сомонаи интернетии мо навишт, мегӯяд, маҳалгароӣ ҳамеша буд ва вуҷуд хоҳад дошт. Онро аз байн бурдан номумкин аст, фақат мешавад, шиддати таъсири онро ба умури ҷомеа кам кард ва ё ҳатто аз он барои пешрафти ҷомеа кор гирифт. Ҳамзамон бархе аз донишмандони тоҷик дар Тоҷикистон, бояд гуфт, устод Акбари Турсон дар Амрико ба сар мебарад, хуллас, бархе аз коршиносони тоҷик низ ба ҳамин назаранд ва мегӯянд, ҳукумати марказӣ дар Тоҷикистон метавонад, аз ин падида истифодаи мусбат кунад.
Аммо як ширкаткунандаи баҳси мо менависад, ин назари донишмандон аз рӯи маҷбурият ҷомаи илмӣ пӯшидааст. "Вақте мушкил онгуна бузург мешавад, ки ҳамаи риштаҳои ҷомеаро пахш мекунад, олимон маҷбур мешаванд, онро як падидаи табиӣ эътироф кунанд." Вале ин ду ақидае ки гуфтем, танҳо гӯшаи хурде аз баҳсанд ва ҳоло дар гузориши ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат мешунавед, ки ақидаи асосии коршиносон дар бораи маҳалгароӣ манфист. Нуралии Давлат мегӯяд, ин бад аст, ки дар идораҳо асосан ҳамдиёрони худро ҷамъ мекунанд ва ҷомеаи шаҳрвандию иқтисоди озод, вақте аз кас кору самара талаб мекунанд, ин падида аз байн хоҳад рафт. Ҳуқуқшинос Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, асосан ташаббусҳои сиёсӣ ва волоияти қонун метавонанд, вазъро ислоҳ кунанд. Аммо Комёб Ҷалил, таҳлилгари дигар бар ин аст, ки маҳалгароӣ хоси қавмҳои муқим ва зироаткори ориёист ва ҳукумати марказӣ, агар хоҳад, метавонад, аз он ба манфиати кор истифода кунад. Дар ҳамин ҳол раҳгузарон дар бораи паёмадҳое, ки маҳалгароӣ ба бор меорад чунин мегӯянд:
-- Бисёр таъсири бад мерасонад. Ноҳаққӣ ба миён меорад. Таъсираш дурудароз мемонад.
-- Аз он ҷо ки одамони бесавод бо истифода аз маҳалгароӣ ба мансабҳои баланд мерасанд, натиҷа ин мешавад, ки ҷамъият ақиб мемонад.
-- Таъсираш ҳамин ҷанге буд, ки аз сар гузарондем. Ҳамааш аз маҳалгароӣ сар шуд.
-- Ин як падидаи барои мо тамоман бегона ва хавфнок аст. Бояд барҳам дода шавад.

Чунин гуфтанд раҳгузарон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе, пойтахти зебои Тоҷикистон.

ДАВОИ ДАРД

Албатта, ҳадаф аз гуфтори мо бештар ин аст, ки роҳҳои шифоро ҷустуҷӯ кунем, зеро бо вуҷуди бархе аз суханони мусбат дар бораи маҳалгароӣ, аксарият тавре шунидем, онро монеаи рушди ҳамаи равандҳои ҷомеа меноманд.Овозхони шинохтаи тоҷик Зафар Нозим онро ҳатто як тахрибгарии беруна мешуморад ва шоир Гулназар мегӯяд, давои ин дард сода нест. Сиёсатшиноси тоҷик Қурбон Гиёев бар ин аст, ки роҳи аз байн бурдани маҳалгароӣ расидан ба миллатгароист. Вале дар сиёсат ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон на баёнгари манфиатҳои миллӣ, балки маҳаллӣ ё гурӯҳиянд. Нависандаи тоҷик Абдурофеъи Рабеъ мегӯяд, бояд ҷавонон барои таҳсил ба вилоятҳои гуногун фиристода шаванд. Каюмарси Ато идома медиҳад, ки бояд издивоҷи намояндагони маҳалҳои гуногун пуштибонӣ бинад ва Иршоди Сулаймонӣ мегӯяд, ваҳдати миллӣ бояд аввал дар сатҳи олии қудрат дар кишвар намоиш дода шавад.
Ҳоло бозгардем ба хиёбонҳои Душанбе ва бишнавем, оё назари мардум ба роҳҳои мубориза бо маҳалгароӣ чист? Масалан, оё як қонуни зидди маҳалгароӣ оё зарур аст ё на?
-- Ба фикри ман, як тоҷики дилдода, донишманд, миллатдӯст, бофарҳанг ва заҳматкаш метавонад, Тоҷикистонро аз маҳалгароӣ наҷот диҳад.
-- Кормандони ҳукумат дар ноҳияҳо бояд ба мардум фаҳмонад, онҳоро ба ваҳдат кашонад.
-- Қонуни зидди маҳалгароӣ зарур аст ва касе маҳалгароӣ мекунад бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад, то намунаи ибрат шавад.
-- Қонун зарур нест. Бояд тарбияи ҷавонон пурзӯр шавад. Чунин қонун барои ҳама мо айб аст.
-- Бе қонун намешавад. Қонун ҳам ҷиддияти масъаларо нишон медиҳад ва ҳама чизро танзим мекунад.
-- Қонун зарур нест, зеро падида худ муваққатӣ аст ва қонун бояд бо падидаҳои доимӣ кордор бошад.
-- Барои ба кор гирифтани ҳамшаҳриҳояш мансабдори давлатӣ бояд тибқи қонун ҷазо бинад.
-- Барои аз байн бурдани маҳалгароӣ шояд қабули ягон қонун даркор набошад. Бояд фарҳангро боло бурд. Агар одамон бофарҳанг бошанд, он худ ба худ аз байн меравад
.

ХУЛОСА?

Ҳамнафасони арҷманд. Оё барномае ки худ хулосаи як баҳс аст, ба хулосае ниёз дорад? Садои шуморо намешунавам, вале ҳис мекунам, ки бо ин нукта розиед. Пас агар ба ин нукта розиед, ба гуфтор нуқта намегузорем, то агар ҳар каси дигаре гуфтание дорад, бигӯяд ва гуфтугӯи рӯшод давом кунад.
Аммо хулоса кардан, чун ҳамеша, бигзор бо шумо бошад.

ИЛОВА

Агар ҳамаи ин баҳсро бо садои коршиносон ва раҳгузарон шуниданӣ бошед, рамзи радиоро дар поёни сарлавҳа "клик" кунед.
XS
SM
MD
LG