Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакҳои тозаи Жопун ба Тоҷикистон


Давлати Жопун ба манзури таъмини молии чаҳордаҳ барномаи кишоварзӣ, омӯзишӣ ва беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ҳудуди як милюну дусад ҳазор дуллор ихтисос додааст. Маросими эътои ин кумакҳо бо ширкати Хироши Такахашӣ - сафири Жопун дар Душанбе баргузор шуд. Ҳукумати Жопун то кунун дар чандин марҳила барномаҳои омӯзишӣ ва беҳдоштиро сармоягузорӣ кардааст, аммо ин барои нахустин бор аст, ки ба таъмини молии барномаҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон низ пардохтааст. Оқои Такахашӣ дар ин бора гуфт, ки Тоҷикистон як кишвари муттакӣ ба кишоварзист ва аз ин рӯ, Жопун мехоҳад, ки ба ин кишвар фанноварии кишоварзӣ ворид кунад. Ҳукумати Жопун аз соли 1996 то кунун дар чорчӯби кумакҳои билоъиваз 178 тарҳи хурди рушди иқтисодиро ба малбағи 10 милюну 600 000 дуллор сармоягузорӣ кардааст. Ин барномаҳо умдатан тавассути созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ иҷро шудаанд. Ин кумакҳо аслан барои таъмир ё бозсозии мактабҳо, ба вижа дар манотиқи ҷангзада, бунёд ва таҷҳизи беморхонаҳо ва таъмини мардум бо оби ошомиданӣ ҳазина шудааст. Сафири Жопун дар Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар назар дорад, ки мутахассисони жопуниро даъват кунад, то масъалаи сармоягузориҳои бузургтар дар саноеъи Тоҷикистонро мавриди мутолеъа қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG