Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти машваратии ҳукумати Тоҷикистон


Дар як нишасти кории ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоъии кишвар, аз ҷумла, эҳдоси тунелҳои Анзобу Шар-шар ва Шаҳристон ва бунёди бинои нав барои порлумони Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Раисиҷумҳурӣ Раҳмонов дар ин нишаст супориш дод, ки нақби мошингузари Анзоб то рӯзи 15 июн ба таври комил роҳандозӣ ва дар моҳи май сохтмони тунелҳои Шар-шар ва Шаҳристон оғоз шавад. Вазорати маъориф ва Кумитаи давлатии сохтмон супориш гирифтанд тарҳҳои бунёди гимназиум барои кӯдакони боистеъдод ва литсей - интернати президентӣ барои 640 донишомӯзро дар шаҳри Қурғонтеппа тадвин кунанд. Ба навиштаи сомонаи интернетии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Кумитаи давлатии сохтмон муваззаф шудааст, то дар ростои таҳияи тарҳҳои Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллии муҷаҳҳаз ва бинои нави Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ иқдом кунад. Дар нишаст масоили марбут ба арсаи кишоварзии ҷумҳурӣ ва омодагӣ ба киштукори баҳорӣ низ баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG