Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 40 килограм ҳероин дар вилояти Суғд


маъсум

Ду қочоқбари маводи мухаддир бо наздики 20 килограм ҳероин ва беш аз 4 кило афъюни навъи канабис дар қаламрави вилояти Суғд боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи Насридин Мирзоев, сардори Шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилояти Суғд, миқдори бузурги ин мавод дар як мошини сабукрав дар минтақаи Айнии шоҳроҳи Душанбе -- Хуҷанд кашф ва мусодира шудааст: «Кормандони мо дар як посгоҳи ноҳияи Айнӣ дар бордони автомобили Газ- 31 наздики 13 кило маводи мухаддир ёфтанд, ки наздики 9 килограми он ҳероин ва боқимонда афюн буд.»
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи Оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддир, кормандони ин ниҳод низ ахиран дар манзили як сокини ҷавони ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров наздики 11 килограм ҳероинро ёфтанд.
Ситоди умури дохилии Суғд мегӯяд, дар моҳи март наздик ба 50 килограм маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки аз ним зиёди он ҳероин будааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG