Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет-кафе дар ивази чойхона


Маркази фарҳангии Амрико аз қаҳвахона, китобхона ва ҳуҷраи компютерии пайваст ба шабакаи Интернет иборат буда ба ҷавонон имкони бо ҳамсолони бародаршаҳри худ Боулдер дар мукотибаи доимӣ буданро фароҳам меоварад. Абдумалик Қодиров, ҳамоҳангсози барномаҳои фарҳангии сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, дар маросими гузоштани хишти нахустини маркази фарҳангии ҷавонони Душанбе ва Боулдер сафири Амрико Ричард Ҳоугленд, раҳбари кумитаи бародаршаҳрҳо ҷаноби Дон Мок ва мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев ширкат доштанд:

«Макрази интернетӣ бо пули шаҳрвандони оддии шаҳри Боулдер сохта мешавад. Ҷавонон ба онҷо рафта аз лиҳози фарҳангӣ ва маънавӣ метавонанд истироҳат кунанд. Як қисми масолеҳи сохтмонӣ аз Амрико ба инҷо оварда мешавад. Ба вижа батареяҳои офтобӣ, ки аз нури табии офтоб марказро бо қувваи барқ таъмин хоҳанд кард.»

Гуфта мешавад, дар соли 1998 шаҳри Душанбе ба шаҳри Боулдер чойхонаи тоҷикиро сохта ба истифода дода буд, ки он ҳоли ҳозир дар миёни сокинони ин шаҳр ҷойи дӯстдоштатарин ба шумор мерафтааст. Ҳукумати шаҳри Боулдер бар ивази чойхонаи тоҷикӣ сохтмони маркази муосири интернетиро барои ҷавонон ба роҳ мондааст. Абдумалик Қодиров мегӯяд:

«Ҳар сол қариб 100.000 одам аз ин чойхона дидан мекунад ва он намунаи фарҳанги қадимаи мардуми тоҷикро муаррифӣ мекунад.»

Дар назар аст, ки сохтмони маркази интернетии ҷавонон дар муддати як сол анҷом ёфта ба дасти ҳукумати шаҳри Душанбе супурда шавад. Ҷониби Амрико интизор дорад, ки баъд аз ба фаъолият шурӯъ кардани ин маркази интернетӣ муносибатҳои фарҳангии ду кишвар бештар рушд хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG