Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози занони бозорнишин дар Панҷакент


Тақрибан 50 зани тоҷир аз як бозори Панҷакент ба нишони эътироз ба аъмоли, ба гуфтаи онҳо, ғайриқонунии кормандони гумруки гузаргоҳи гумрукии Шараф, воқеъ дар марз бо вилояти Самарқанди Узбакистон, дар назди сохтмони шаҳрдории Панҷакент гирди ҳам омаданд. Занони тоҷир кормандони гумрукро дар нақзи қонун ва ришвахорӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, маблағҳои ғайриқонуние, ки аз онҳо талаб мешавад, дар ниҳоят нархи маҳсулоти онҳоро дар бозор меафзояд. Аксари занони эътирозгар бозорнишинҳое будаанд, ки аз Узбакистон ба Панҷакент маҳсулоти ғизоӣ ва меваҷоту сабзаҷот ворид мекунанд.

Аммо мақомоти шаҳрдории Панҷакент ба далели таътил будани рӯз расидагӣ ба шикоёти занони юозорнишинро ба рӯзи душанеб, 27 март мавқуф гузоштанд. Эътисобгарон дар посух ба ин қарори шаҳрдорӣ ба хабарнигори Родиёи Озодӣ гуфтанд, ки то замони анҷоми расидагӣ ба шикоёти онҳо аз фаъолият дар бозор сар хоҳанд печид.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG