Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои шашкаи Тоҷикистон


Мусобиқаҳои қаҳрамонии Тоҷикистон дар шашка дар толори Мактаби махсуси захираҳои олимпии Душанбе бо ширкати 26 нафар мардон ва 18 нафар занон баргузор шуд. Устоди варзиш Бахтиёр Мардонов дар рақобатҳо байни мардон дар 7 дидор 6 имтиёз ба даст оварда, мақоми аввалро касб кард. Ҷамшед Урунбоев аз Душанбе дар мақоми дуввум ва Абдусаттор Абдувалиев аз Хуҷанд дар мақоми севвум қарор гирифтанд. Матлуба Қосимова дар сабқати занон бо шашуним имтиёз пирӯз шуд. Фирӯза Сайёраеваи душанбегӣ ҷойгоҳи 2 ва Сайлонбии Баҳодур аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҷойгоҳи 3-ро ишғол карданд.
Ва ду хабар барои ҳаводорони шоҳмот. Рӯзи панҷшанбеи 23 март дар толори мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе мусобиқаи наврӯзӣ оид ба шоҳмот миёни мардон оғоз шуд, ки то 31 март идома хоҳад кард. Бино ба иттилоъи Рашид Ҳусейнов, сардовари ин мусобиқа дар рақобатҳо ҳудуди 40 нафар шатранҷбозон ширкат доранд. Вай афзуд, дар ин мусобиқа бозигарони асосӣ ширкат намеварзанд, зеро онҳо ба Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки аз 19 май то 5 июн дар шаҳри Турини Италия доир мешавад, омодагӣ мегиранд.
Рашид Ҳусейнов, ҳамчунин хабар дод, ки дар шаҳри Душанбе ҳамзамон мусобиқаи шатранҷбозони ҷавони то чаҳордаҳсола бо номи «Рухи сафед» ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа 40 нафар шатранҷбозони макотиби таҳсилоти ҳамагонии чаҳор ноҳияи пойтахти Тоҷикистон дар ҳайати даҳ даста тӯли панҷ рӯз рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG