Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соати даромади Наврӯз


Барномаи шоду наврӯзӣ Дӯсти қазоқи ман одами шӯх аст ва мегӯяд, бобокалони ман хеле зирак будааст ва як рӯзеро Наврӯз ном кардааст, ки арзиши ин номро дорад. Вай шод аст, ки дар кишвари ӯ низ Наврӯзро ҷашн мегиранд ва мегӯяд, ҳиссаш ин аст, ки як рӯз Наврӯз ба иди аҳли башар ва Соли Нави ҷаҳониён табдил меёбад. Албатта, ман ин хушбинии ӯро надорам. Вале 21-уми марти ҳар сол бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии замин ҷашн гирифта мешавад.

СОЛ КАЙ НАВ ШУД?

Наврӯз, як иди сеҳазорсола ва ҳамзамон ҷавону сарсабз, воқеан як сарвати бебаҳои меросист, ки аз гузаштагон ба мо мондааст ва аз мо бояд ба ояндагон бимонад.
Ва сӯҳбат аз Наврӯз ҳар сол мушкилтар аз соли пеш мешавад, агар нахоҳӣ, ки гуфтаҳои пору парерсолро такрор кунӣ. Дуруст аст, ки дар ин нуқтаи замон 365 рӯз пур шуда, ҳисоб аз нав сар мешавад ва табиат ба такрори фаслҳои худ мепардозад. Аммо ҳанӯз аз Умари Хайём, муаллифи "Наврӯзнома"-и машҳур гирифта то Алии Шариъатӣ, файласуфи саршиноси муосир, бузургон гуфтаанд, ки дар бораи наврӯз нав гуфтан сахту сангин аст.
Он гуна ки дар тағйири соли милодӣ соати 12-и шаб лаҳзаи сеҳрангези гузор шумурда мешавад, дар Наврӯз низ, вобаста ба гаҳшумории хуршедӣ, соату дақиқаи аниқи таҳвили сол вуҷуд дорад ва арҷманд аст. Он ҳар сол метавонад, фарқ дошта бошад. Пас аз шаҳрвандони Тоҷикистон шунавем, ки Наврӯз барояшон чӣ маънӣ дорад ва соати вуруди сол кадом аст. (Ин ҷо посухҳои аҷибу ғарибе хоҳед шунид.)

СОЛИ НАВИ ХУРШЕДИИ 1385 РӮЗИ 20-уми МАРТ ДАР СОАТИ 21-у 25 ДАҚИҚАВУ 35 СОНИЯ САР ШУД!!!


ОРЗУИ НАВРӮЗӢ

Дар бахшҳои дигаре аз барномаҳои мо паёмҳои табрикии афроди саршиноси Тоҷикистон, сарони иттиҳодяиҳои тоҷикон дар кишварҳои дигар ва суханони гарми шунавандагони моро шунидед. Ҳамчунин дар сомонаи интернетии мо орзуҳои наврӯзии шумо нашр шудаанд. Дар онҳо Муҳаммад аз Дубай навиштааст, мехоҳад, соли нав соли биниш ва афкори нав дар Тоҷкистон бошад. Иршоди Сулаймонӣ менависад, дар ин Наврӯз лаҳзае бояд сукут кард ва ба ин андешид, ки тоҷик кӣ буд, дар куҷо буд, ба куҷо меравад ва ба куҷо бояд расад. Ва Камолзода навиштааст, мехоҳад, Тоҷикистонро дар наврӯзи оянда ба ҳайси як кишвари пешрафтаи ҷаҳон бубинад. Сипосгузорем аз ҳамаи онҳое ки лутф карданду ба мо нома фиристоданд.

ПАЁМҲОИ НООДАТ

Хуллас, бисёриҳо паём доданд, вале оё намехоҳед, паёми онҳоеро бишнавед, ки тамоми сол ба шумо хабару навгониҳоро мерасонданд ва имрӯз як бор дар сол ончиро бигӯянд, ки дар дил доранд? Бо ҳамин нийят бахши баъдии барномаро ҳамнафаси ин лаҳзаҳои мо Дорюши Раҷабиён аз паёми ҳамкорон тартиб дод. Агар ба сабти барнома гӯш диҳед, хеле хоҳед хандид, то ҷое ки ашк аз чашмонатон хоҳад дамид.
Ин як имконияти нодире хоҳад буд барои Шумо, ки аз ҳавои устудиёи Бахши тоҷикии радиои Озодӣ нафас бикашед ва бубинед, ки мо ҳам баробари шумо дар иди Наврӯз аз расидани баҳор хурсандем ва барои Шумову кишвари азизи Тоҷикистон накӯтарин орзуву таманно дар дил дорем. Ва чун навбат ба ман аст, мегӯям, орзу дорам, рӯзи нав ба шумо умедҳои нав ва нафаси сабуктаре оварад ва ҳар нафаси Шумо наврӯз бошад.

Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG