Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белорус: Мухолифон шабро дар майдон руз карданд


Тақрибан 10 то 15-ҳазор нафар шабро дар майдони марказии шаҳри Минск руз карданд. Онҳо тақозо доранд, ки натиҷаҳои интихоботи 19-уми марти раёсати ҷумҳурии Белорус беэътибор эълон шавад. Онҳо "Озодӣ", "Зинда бод Белорус" ва "Мо пируз хоҳем шуд" шиъор медоданд. Бино ба иттилоъи хабарнигори бахши белорусии родюи Озодӣ дар Минск Александр Милинкевич-номзади мухолифон аз ҷонибдорони худ дархост кард, ки тамоми шаб дар майдон бимонанд. Вай аз ҷонибдоронаш дар майдон хостааст, онҳо ба дустони наздиконашон аз телефони ҳамроҳ занг бизананд ва хоҳиш кунанд, ки барояшон чой ва либоси гарм оранд. Ҳангоме, ки тазоҳуркунандагон хостаанд дар майдон хайма гузоранд, пулис хаймаҳои онҳоро мусодира кардааст. Беназмӣ мушоҳида нашудааст. Тазоҳуркунандагон мегуянд, ки президент Александр Лукашенко дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ додааст. Кумисюни Марказии Интихоботӣ мегуяд, Лукашенко тақрибан 83 дарсад рай ба даст овардааст, дар ҳоле, ки Милинкевич-номзади аслии мухолифон танҳо 6 дарсади ороро аз они худ кардааст. Нозирони байналмилалӣ мегуянд, наҳваи баргузории интихобот ба муқарраоти демократӣ мутобиқат намекунад. Давлати Амрико гуфтааст, натиҷаҳои интихоботи рузи якшанберо эътироф намекунад ва дархост мекунад, ки интихоботи такрорӣ баргузор шавад. Ҷорҷ Буш ҳангоми парвоз ба маҳали истиқрори нируҳои ҳавоии рақами яки Амрико дар Клевланд ба рузноманигорон дар ин бора изҳори назар карадааст. Мак Клеллан -сухангуи Кохи Сафед мегуяд, ҷорӣ кардани таҳримҳо, аз қабили маҳдудият дар рафту омад ба Белорус аз масъалаҳои матруҳа хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG