Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо ҳамтои чиниаш мулоқот намуд


Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин имрӯз дар Пекин бо ҳамтои чинии худ Ҳу Ҷинтао мулоқот орост. Интизор меравад, ки зимни ин сафар Путин масоили эҷоди лӯлаи нафти Русия ба Чинро баррасӣ кунад. То кунун ҳанӯз тафсилоти дигари диду боздидҳои раҳбарони Чину Русия дастрас нест, аммо мақомот мегӯянд, ки раҳбари ду давлат дар садади баррасии лӯлаи нафт, чанд масъалаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамчунин барномаҳои тавсеъа додани домани ҳамкориҳои низомии миёни Пекину Чин мебошанд. Ба ҳайъати Русия 90 мақоми баландпояи ин кишвар, ғолибан раҳбарони ширкатҳои нафту гоз, ҳавонавардӣ, иртибот аз роҳи дур ва дигар мақомоти риштаҳои саноеъ ва иқтисоди ин давлат шомил ҳастанд. Субҳи рӯзи сешанбе раҳбари Русия дар маросими ифтитоҳи як маркази иттилоърасонӣ ширкат кард ва бо ин роҳ ба барномаҳои шурӯъи соли фарҳангии ин кишвар дар Чин ҳусни оғоз бахшид.
XS
SM
MD
LG