Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поягузории корхонаи нави коркарди пахта дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Душанбе бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон маросими рамзии поягузории корхонаи ҷадиди нассоҷӣ баргузор гардид. Корхонаи мазкур, ки барои сохтмони он 12 ҳектор замин ҷудо шудааст, қарор аст, бо ибтикори «Бурсел Душанбе Текстил», як ширкати муштараки тоҷику туркӣ бунёд ёбад. Бурҳон Энуштики, раиси ин ширкат гуфт, ҳазинаи иҷрои тарҳи сохтмони корхонаи нави нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе беш аз 70 миллион долларро ташкил медиҳад.Вай гуфт, бар асоси тавофуқи тарафайн 50%-и маблағи ёдшудароТоҷикистон ва нисфи дигари онро Туркия мепардозад. Раиси ширкати «Бурсел Душанбе Текстил» гуфт, тибқи тарҳи муаррифӣ намудаи ин ширкат, сохтмони корхонаи мавриди назар қарор аст, то якуним соли дигар пурра ба анҷом расад. Бурҳон Энуштики бо ишора ба зарфияти тавлидии корхонаи ояндаи нассоҷӣ гуфт, фаъол шудани ин корхона имкон медиҳад, ки ҳамасола дар он беш аз 8 ҳазор тонн пахта коркард шуда ҳамзамон маҳсулоти ниҳоӣ тавлид гардад. Ӯ афзуд, корхонаи нав 4 ҳазор ҷойи кор хоҳад дошт. Беш аз 90 дарсади тавлидоти корхонаи мавриди назар қарор аст, ба кишварҳои аврупоӣ ва Амрико содир шавад. Заминаи сохтмони корхонаи нави бофандагӣ дар шаҳри Душанбе дар пайи тавофуқи муштараки Вазорати иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва ширкати ҳолдингии «Бурсел»-и Туркия фароҳам шудааст. Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 500 ҳазор тонн панба истеҳсол менамояд ва аз ин миқдор фақат 15 %-и он дар корхонаҳои дохили кишвар мавриди коркард қарор мегирад. Ҳамчунин ин кишвар солона 130 ҳазор тонна нахи панбаро бидуни коркард ба хориҷ содир мекунад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG