Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сардабир: Худам!"


Ҳусейни Дурахшон, ҷавони 31-солаи эронӣ, муаллифи веблогест бо номи "Сардабир: Худам!", ки аз ҳама веблогҳои форсӣ бештар хонанда дорад. Вай яке аз аввалин веблогнависҳо ба забони форсист. Ва на танҳо веблоги худро сохт, балки бо сохтани барномаи корбасти ҳуруфи форсӣ дар он ва навиштани як дастури сохтани веблоги форсӣ машҳур шуд. Ҳоло танҳо дар Эрон 700 ҳазор веблог нашр мешавад ва дар ҷаҳон ба хатти форсӣ шояд чанд миллион веблог шабакаи ҷаҳонии интернетро пур карда бошад. Ҳусейн худро бахше аз ин падида медонад ва дар меҳмонии барномаи "Ҳамнафас" аз мафҳуми веблогу сохтори он ва зарурати веблогнависӣ сӯҳбат мекунад. Вай орзу дорад, рӯзе веблогҳои тоҷикӣ низ дар ҷаҳон машҳур шаванд ва омодааст, дар ин кор кӯмак кунад.

Барои шунидани ин сӯҳбат, ки тамоми ҷанбаъҳои веблогро рӯшан мекунад, лутфан рамзи радиоро дар поёни сарлавҳа "ангушт" занед.
XS
SM
MD
LG