Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирӣ суннати наврӯзӣ аст


Ба гуфтаи ҷаҳонпаҳлавон Муҳаммадшариф Сулаймонов, феълан дар Тоҷикистон ду навъи гуштии миллӣ - яке бо номи «гуштигирӣ» миёни мардуми ҷанубнишини кишвар ва дигаре бо номи «кураш» байни сокинони қисми шимоли мамлакат машҳур аст. Тибқи қавоиди муқарраршуда, мегӯяд ӯ, мусобиқоти расмии гуштии миллӣ бо дар назардошти вазни паҳлавонон баргузор мешавад, вале дар маъракаҳои наврӯзӣ зӯрозмоии гуштигирон ба тарзи дигар сурат мегирад. Дар мусобиқоти расмӣ ба паҳлӯ афтондани ҳариф ба назар гирифта, ҳамчунин барои истифодаи усулҳо имтиёз дода мешавад. Вале дар сабқати мардумӣ паҳлавон танҳо дар сурати ба тахтапушт хобондани ҳарифи худ ғолиб дониста хоҳад шуд.

Сулаймон Абдулвоҳидов, раиси кумитаи тарбияти бадан ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар саросари кишвар чорабиниҳои варзишӣ баргузор шудааст ва мардуми тоҷик, бахусус ба мусобиқоти гуштии миллӣ ва бузкашӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд.

Исмат Абдуллоев, устоди маъруфи гуштӣ аз он изҳори хурсандӣ кард, ки пас аз сӣ соли қаҳрамонии шогирдаш - ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов соли гузашта бародарон Рустам ва Расул Боқиевҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии «кураш» дар шаҳри Тошканд дар рақобатҳо дар вазни худ бар ҳамаи ҳарифонашон дастболо шуда, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Мураббии варзидаи тоҷик орзу кард, ки то Наврӯзи соли оянда аз байни гуштигирони тоҷик боз қаҳрамонҳои ҷаҳону Осиё ба арсаи варзиш биёянд.
XS
SM
MD
LG