Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди расмии Назарбоев аз Узбакистон


Боздиди расмии серузаи Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Узбакистон оғоз шуд. Қарор аст дар ҷараёни ин боздид оқои Назарбоев дар Тошканд бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳур ва соири мақомоти баландпояи Узбакистон мулоқот ва доираи васеъи масоили ҳамкориҳои тарафайнро баррасӣ кунад. Вазири нақлиёт ва мухобироти Қазоқистон гуфтааст, интизор меравад, ки дар ҷараёни боздид роҷеъ ба як шоҳроҳи байналмилалӣ мувофиқатнома ба имзо расад. Дар солҳои истиқлол миёни ин ду кишвар беш аз 90 мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар соҳоти мухталиф ба имзо расидааст. Чанд соли ахир Узбакистон ба ҷуз аз Қазоқистон бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, яъне бо ҳамсоягони дигари худ муқаррароти раводид ё визо ҷорӣ кард. Соли гузашта бори нахуст гардиши коло миёни Қазоқистон ва Узбакистон ба ним милярд доллар расид. Дар остонаи боздиди кунунии Нурсултон Назарбоев аз Узбакистон Остона ба Тошканд пешниҳод кард, ки ҳар ду кишвар дар бораи иҷоди марокизи тиҷоратии наздимарзӣ қарордод имзо кунанд.
XS
SM
MD
LG