Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон пирузии Лукашенкоро қабул надоранд


Бино ба натиҷаҳои муққадамотӣ, ки Кумисюни Марказии Интихоботи Белорус эълон кардааст, Александр Лукашенко дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус 82,6 дарсади ороро ба даст овардааст. Лукашенко 12 сол дар Белорус дар сари қудрат буд ва акнун мумкин аст то соли 2011 дар қудрат боқӣ монад. Кумисюни Марказии Интихобот мегуяд, Александр Милинкевич - намояндаи мухолифин ва рақиби аслии Лукашенко танҳо 6- дарсади ороро ба даст овардааст. Сергей Ҳайдюкевич - номзади ҷонибдори давлат ва намояндаи порлумон ва Александр Казулин - намояндаи дигари мухолифин ҳудуди 3,5 дарсад раъй гирифтаанд. Шоми дирӯз ҳудуди 20 ҳазор нафар ҷонибдорони мухолифин дар майдони Октябри Минск гирдиҳам омаданд. Онҳо даъво мекарданд, ки дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ дода шудааст. Онҳо ҳамчунин "Зинда бод Белорус" шиъор медоданд. Бино ба гузоришҳои расида, баъзе тазоҳуркунандагон аз Майдони Октябр ба Майдони Пирӯзӣ (Победа) рафтанд. Беназмӣ ба назар нарасидааст.
Милинкевич-номзади мухолифон аз ҷонибдорони худ даъват кард, ки имруз дар Майдони Октябр ҷамъ шаванд. Вай ба натиҷаҳои интихобот бовар надорад ва онро хандаовар арзёбӣ кардааст. Бино ба маълумоти Кумисюни Марказии Интихобот, ҳудуди 98.5 дарсади низомиёни Белорус ба ҷонибдорӣ аз Александр Лукашенко раъй додаанд.
XS
SM
MD
LG