Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавлу ҳоли Беларус дар як рӯзи пеш аз интихобот


Имрӯз бо ибтикори номзади мухолифини Беларус Александр Милинкевич дар шаҳри Минск як раҳпаймоӣ доир хоҳад шуд. Ин раҳпаймоиро мақомоти Минск расман иҷозат додаанд ва қарор аст, дар он як идда овозхонҳое, ки ба маҳзи таронаҳои интиқодомезашон ба шабакаҳои расмии родиёиву телевизионӣ роҳ надоранд, ширкат варзанд.

Аммо дирӯз раисиҷумҳури феълии Беларус Александр Лукашенко дар як паёми кӯтоҳи телевизионӣ гуфт, ӯ ба ҳеҷ навъ талоши табаддулот дар кишвараш дар пешорӯ ва дар рӯзҳои интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 19 март роҳ нахоҳад дод. Вай гуфт, ба тазоҳургарон имкон нахоҳанд дод, ки кӯчаҳову хиёбонҳоро бубанданд. Оқои Лукашенко дар як сӯҳбати дигараш бо хабарнигорон дирӯз гуфт, нирӯҳои амниятии кишвараш барои ҷилавгирӣ аз ҳар навъ беназмӣ омодаанд.

Телевизиони Минск рӯзе пеш навореро пахш кард, ки дар он як нафар дар Гурҷистон тамрин шуданаш ҷиҳати ширкат дар ҷангҳои чирикиро эътироф мекард.

Бо ин ҳол, Ҳавер Солана, раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо (ИА) рӯзи ҷумъа раҳбарони Беларусро ҳушдор дод, ки дар сурати истифодаи зӯр дар муқобили тазоҳуроти осоишта ба вокуниши шадиди байналмилалӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.Кохи Сафед ҳам дар бораи эҳтимоли аз зӯр истифода бурдани мақомоти Беларус дар муқобили тазоҳургарон изҳори нигаронии амиқ кардааст. ИА ва Амрико ва бисёре аз давлатҳову созмонҳои байналмилалӣ умедвор нестанд, ки интихоботи рӯзи 19 март дар Беларус ба таври демкоратӣ хоҳад гузашт.

Маъмурияти раёсатҷумҳурии Амрико ҳамчунин дирӯз гузориши даҳсаҳифаиеро нашр кард, ки дар он Беларус ба фурӯши пинҳонии таслиҳот аз ҷумла ба кишварҳои пуштибони терроризм муттаҳам мешавад. Гузориш мегӯяд, маболиғи аз фурӯши таслиҳот ба кишварҳое ба мисли Судону Эрон бадастомада вориди бунёди захиравии раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко мешаванд.
XS
SM
MD
LG