Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаи трактор лозим аст дигар ё не?


Турин Мусоидат ба ислоҳот дар соҳаи таҳсили касбӣ ва мувофиқ сохтани он ба ниёзҳои бозори кор ҳадафи аслии барномаҳои Бунёди аврупоии омӯзиш дар Аврупои шарқӣ ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон будааст.

Ҳенрик Фаудел, масъули барномаи ин Бунёд барои Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвари кӯҳҳои осмонбӯс ва дараҳои сабзпӯш Бунёди аврупоии омӯзиш, ки ба ихтисор аз исми англисияш ETF (European Training Foundation) номида мешавад, се тарҳро пиёда мекунад ва маблағи маҷмӯъии ҳар се ин тарҳ 75.000 евроро ташкил медодааст. Ҷаноби Фаудел мегӯяд, ду аз ин тарҳҳо минтақавӣ буда ва Тоҷикистон низ шомили ин тарҳҳост. Дар шарҳи ин барномаҳо ӯ гуфт, ҳамаи онҳо ба ислоҳот дар соҳаи таҳсилоти касбӣ нигаронида шудаанд ва мақсад доранд, то ба ҳукуматҳои маҳаллӣ дар мувофиқ сохтани таҳсилоти касбӣ ба талаботи бозори кор ёрӣ бирасонанд.

Ҷаноби Фаудел мегӯяд, Осиёи Марказӣ албатта на он минтақаест, ки бо таҳсили ибтидоӣ ва бесаводӣ мушкил дошта бошад, ва аммо ин минтақа пас аз суқути низоми сотсиалистӣ мувоҷеҳи мушкил дар сатҳи таҳсилоти касбӣ гардид. Бино бар қавли Ҳенрик Фаудел, баъд аз он ки дар кишварҳое назири Тоҷикистон иқтисоди нақшавӣ канор гузошта шуд ва иқтисоди бозаргонӣ рӯи кор омад, бозори меҳнат ва ниёзҳои он хеле тағйир ёфт. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, дар омӯзишгоҳҳои касбии Тоҷикистон ихтисосҳое таълим дода мешавад, ки ба ҳеҷ дарде намехӯрад ва дар бозори меҳнат харидор надорад. Ҷаноби Фаудел аз касбҳои ба истилоҳи ӯ кӯҳнашуда, ронандаи тракторро мисол меорад ва мегӯяд, имрӯз ин касб ҷойгоҳи танге дорад ва ҳол он ки имрӯз соҳаи кишоварзӣ аз як фард бар иловаи рондани трактор ҳунарҳои бештареро тақозо мекунад.

Ҳенрик Фаудел, масъули барномаҳои ETF барои Тоҷикистон мегӯяд, бояд ҳукуматҳо дақиқтар ба бозори кор назар бикунанд ва мутаваҷҷеҳи ниёзҳои ин бозор бошанд. Дар омӯзишгоҳҳо бояд, ки ба талаба ҳунарҳои бештари мавриди ниёзи имрӯз тадрис дода бишавад, ба мисли забонҳои хориҷиву кор бо компютер ва муоширати дуруст. Аз ҷумлаи соҳоти навине, ки бозори меҳнати Тоҷикистон дар он ба мутахассис ва кадр ниёз доштааст, ин туризм ва меҳмонхонаҳову тарабхонаҳо будааст.

Ҳенрик Фаудел мегӯяд, Бунёди аврупоии омӯзиш дар солҳои 2003 - 2004 ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон барои таҳияи тарҳи як консепсияи нави ислоҳоти таҳсили касбӣ ёрӣ расонида буд ва аз масоили аслӣ дар он консепсия омода кардани омӯзгорон, тарзи маблағгузории соҳа, таҳияи нақшаи таълимӣ дар омӯзишгоҳҳои касбӣ будааст. Ҷаноби Фаудел мегӯяд, ETF дар ин кор аз таҷрибаи худ дар дигар кишварҳое, ки аз низоми сотсиалистӣ ба иқтисоди бозаргонӣ рӯ оварда буданд, истифода кардааст. Бунёди аврупоии омӯзиш, ки истилоҳи мухтасараш ETF аст, соли 1994 созмон ёфта дар шаҳри Турини Итолиё мақарр дорад ва бо буҷаи солонаи 20 миллион евро, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо тахсис мешавад дар кишварҳои Аврупои шарқӣ ва собиқ Шӯравӣ ба ислоҳот дар соҳаи таҳсили касбӣ ёрӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG