Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Эронро як таҳдиди асосӣ мешуморад


Дар муаррифии матни нави Стратегияи амнияти миллӣ, президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш Эронро аз бузургтарин мушкилоти Амрико номид ва бори дигар аз сиёсати ҳамлаи пешгирикунандаи Амрико ҳимоят кард. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки ҳукумати Амрико гузориши тасҳеҳшудаи амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида ро нашр кард. Дар он кишварҳое монанди Эрон, Кореяи Шимолӣ, Сурия, Кубо ва Беларус режимҳои ситамгар унвон шуда, Буш ҳамчунин гуфт, Русия нишон медиҳад, ки ваъдаи озодиҳо ва ниҳодҳои демократиро фаромӯш мекунад.
Муаллифи асосии Стратегияи амнияти миллии Амрико, мушовири амнияти миллии ин кишвар Стефан Ҳадлӣ гуфт, ҳамлаи пешгирикунанда дар мавриди Эрон василаи бартаридор шумурда намешавад, вале ҳамчун яке аз василаҳо низ аз мадди назар дур нест.
Гузориши нави амнияти миллии Амрико дар рӯзе нашр шуд, ки Дабири Шӯрои амнияти Эрон Алии Лориҷонӣ гуфт, кишвараш омодааст, дар масъалаҳои марбут ба Ироқ бо Иёлоти Муттаҳида вориди гуфтугӯ шавад.
XS
SM
MD
LG