Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи тарҳи нави Сандуқи байналмилалии пул барои Тоҷикистон


Карлос Пинеруа - раиси ҳайъати Cандуқи байналмилалии пул (СБП) дар умури Тоҷикистон гуфт, миёни ин ҳайъат ва ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди барномаи нави ин муассиса барои Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шудааст. Вай гуфт, Сандуқи байналмилалии пул қасд дорад аз авосити моҳи июни соли равон дар Тоҷикистон барномаи ҷадиди худро оғоз кунад. Ба гуфтаи оқои Пинеруа, ин барнома зарфи се соли оянда дар ростои стротежии коҳиши фақр дар Тоҷикистон иҷро хоҳад шуд.

Карлос гуфт, ҳанӯз маблағи дақиқи мавриди ниёз барои барномаи нави Тоҷикистон мушаххас нашудааст. Вале ӯ афзуд, интизор меравад барои иҷрои ин барнома Сандуқи байналмилалии пул ҳудуди 120 миллион дуллори омрикоӣ ихтисос диҳад.

Ба гуфтаи Пинеруа, тамаркузи аслии барномаи нав рӯи масоили марбут ба сиёсати моливу эътиборӣ, тавсеъаи макроиқтисодӣ ва таҳкими низоми андозу бонкдории Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳамчунин ташвиқи бахши хусусӣ ва мусоъидат ба ҷалби сармояи хориҷии бештар ба иқтисоди Тоҷикистон аз дигар ҳадафҳои аслии СБП дар се соли оянда дар Тоҷикистон ба шумор меояд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG