Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми мурғӣ дар Афғонистон


Созмони Милали Муттаҳид ва давлати Афғонистон таъйид карданд, ки дар Афғонистон бемории фоҷеъаовари зукоми мурғӣ пайдо шудааст. Дар як эъломияи муштараке, ки ба нашр расидааст, гуфта мешавад, дар Афғонистон хуни шаш паррандаи мурдаро муъоина кардаанд ва таъйид шудааст, ки ин паррандаҳо аз бемории зукоми мурғӣ ҷон додаанд. Қаблан коршиносон изҳори нигаронӣ карда буданд, ки имкон дорад дар Афғонистон бемории зукоми мурғӣ шиюъ кунад, зеро дар ин кишвар фаъолияти муассисоти беҳдоштӣ заъиф аст ва вазъи беҳдоштии ҳайвоноту паррандаҳо контрол намешавад. Аз бемории зукоми мурғӣ дар соли 2003 дар саросари ҷаҳон милёнҳо мурғ кушта шуд ва 100 нафар даргузаштанд.
XS
SM
MD
LG