Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунат ва худсӯзӣ


Бино бар иттилоъи маркази дармони сӯхтагии беморхонаи ҷумҳуриявии пойтахт, дар 90 фисади ҳодисаҳои худсӯзӣ дар Тоҷикистон занон осеб дидаанд. Алишер Умаров, мудири ин марказ ба радиои Озодӣ гуфт, тайи се моҳи соли равон аз 7 нафаре, ки дар маркази мазбур бистарӣ шуданд, 5 нафараш заноне будаанд, ки қасд ба ҷони худ кардаанд. Ҷаноби Умаров бо изҳори нигаронӣ аз густариши ҳодисаҳои худкушии занони тоҷик дар солҳои ахир афзуд, бахши аъзами афроди даст ба ҷони худ зада занону духтаронеянд, ки аз 16 то 30 сол доранд ва сабаби ба худкушӣ даст задании онҳо дар аксар маворид хушунати хонаводагӣ будааст. Ӯ мегӯяд: "Худсӯзии ин занҳо бар асари хушунат дар оила, ранҷу азоб аз ҷониби шавҳар ва мушкилоти дигари зиндагӣ сурат гирифтааст. Бештар аз ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод, Ҳисор ва вилояти Хатлон беморон ба ин ҷо оварда мешаванд."

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъагул ном як сокини вилояти Хатлон, ки дар маркази дамрони сӯхтагиҳои беморхонаи ҷумҳуриявии рақами 3 пойтахт бистарӣ мебошад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, вай модари 5 фарзанд буда, аммо маълумот ва ҷойи кор надорад. Ӯву фарзандонаш зиндагии фақиронае доштаанд ва шавҳараш даромади нокифояе ба даст меорад, аммо ҳамонро низ дар таъмини оила масраф намекунад. Ба замми ҳамаи ин шавҳараш рашк бурда иҷозат намедодааст, ки аз хона берун ё ба хонаи хешу табор, ҳамсоя ва ё барои ҳоҷате ба бозору мағоза равад. Дар акси ҳол шаваҳараш ӯро пайваста лату кӯб мекардааст. Ҷумъагул гуфт: "Рашки беҳуда мекард, азобам медод, мезад фақат. Садҳо бор гуфтам, ҷавобамро диҳад, вагарна худамро месӯзам, гуфт, наметавонӣ худатро сӯхтан."

Модари Ҷумъагул мегӯяд, духтараш шавҳарашро худаш интихоб карда буд. Аммо ӯ қаблан аз чунин ҳадафи Ҷумъагул огаҳӣ ёфта, вале бовар накардааст,ки вай ба чунин амал қодир бошад: "Як бор рафта ба хона овардамаш, аммо аҳволи кӯдакҳоям чӣ шуд гуфта, ба хонааш рафт. Ман чӣ кор мекардам? Бо 5 фарзанд ӯро ҷудо мекардам, намешуд. Аз куҷо медонам, ки ин хел мекунад?"

Алишер Умаров, мудири маркази ҷумҳуривии дармони сӯхтагиҳо мегӯяд, аз сӯҳбат бо ин бемороне, ки бо роҳи худсӯзӣ хостаанд аз печидагиҳо ва мушкилоти зиндагӣ раҳоӣ ёбанд, рӯшан мегардад, ки бахши аъзами эшон аз кардаи худ пушаймонанд, аммо дар аксар маворид хеле дер шудааст ва онҳо маъюби якумрӣ мешаванд ва яъсу ноумедӣ ва шикастарӯҳӣ ин занҳоро ба осонӣ тарк намекунад.

Аммо Ҷумъагул: "Ман пушаймонам. Ба занҳо мегӯям,ки ин корро ҳаргиз накунанд, ки оқибат пушаймонӣ дорад."

Бино ба маълумоти маркази дармони сӯхтагиҳои беморхонаи ҷумҳуриявии рақами 3 пойтахт, дар соли 2005 ба маркази мазбур ҳудуди 700 нафар бемор муроҷиат кардаанд, ки аз ин миён 63 нафар бо роҳи худсӯзӣ ва боқӣ аз тариқи истеъмоли доруву маводди кимиёӣ қасд ба ҷони худ кардаанд. Дар 3 моҳи соли 2006, аз навоҳии мухталифи Тоҷикистон ба ин марказ 7 нафари сӯхтагӣ оварда шудаанд, аммо 3 нафари онҳо дар ниҳоят дар асари захмҳои бардоштаашон фавт кардаанд. Бино ба гуфтаи пизишкон ва коршиносони масоили иҷтимоъӣ, солҳои ахир мавориди ба худкушӣ даст задани занону духтарони тоҷик бахусус дар навоҳии дурдасти кишвар ба маротиб афзудааст, аммо дар аксар маворид хешу табори ин занону духтарон худсӯзии онҳоро пинҳон медоранд ва ё занону духтарони сӯхтагиро дар хона табобат мекунанд, ки ин метавонад боиси маргу мири онҳо шавад.
XS
SM
MD
LG