Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Ян Кубиш бо Эмомалӣ Раҳмонов


Ян Кубиш - фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 15 март дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов - раисиҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард. Вай баъд аз ин дидор гуфт, ки бо раисиҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои барномаҳои кунунии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, фароянди ҳамкориҳои минтақаӣ, тақвияти назорату амният дар марз ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардааст: «Ман зимни дидор аз раисиҷумҳурӣ Раҳмонов дархости мулоқот бо мақомоти масъули марзбонӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир кардам. Имрӯз ва фардо мо бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар бораи назорати марз ва тақвияти мубориза бо додуситади ғайриқонунии маводи мухаддир ба гуфтугӯ менишинем."
Намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин гуфт, ки ин созмон моил ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст ва дар соли ҷорӣ барои пешбурди ислоҳоти бахшҳои кишоварзӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ин созмон 8,5 миллион евро ихтисос медиҳад. Дар ҳоли ҳозир қарордоди нави ҳамкорӣ миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон таҳия мешавад ва то моҳи июн ба мақомоти Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод хоҳад шуд.

Дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон ҳамчунин қарор аст Ян Кубиш бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар мулоқот кунад.

Иттиҳодияи Аврупо яке аз созмонҳои аслии кӯмакрасон ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз соли 1991 ба ин сӯ он ба маблағи 370 миллион евро ба Тоҷикистон кумаки молӣ расонидааст.

Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG