Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паси девори зиндони Хуҷанд чӣ мегузарад?


Назирмат Ҳилолов - муовини сарвари раёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 15 март ба Родиёи Озодӣ гуфт, ки як кумиссиюни вижаи ин раёсат таҳти сарварии ӯ ҷиҳати расидагӣ ба шикояти маҳбусин дар тӯли чаҳор рӯз дар маҳбасхонаи Хуҷанд тафтиши вижа анҷом додааст. Вай натиҷаи тафтишро ингуна баён дошт: «Ман баёноти зиёда аз 40 маҳбусро, ки номи онҳо дар поёни нома зикр шудааст, як- як гирифтам, ягон кас шикоятро тасдиқ накард. Кадомашро пурсидам, мегӯяд, ки ман ин номаро нанавиштаам. Ҳарчанд мегуфтам, ки шумо бояд ба ман, ки корманди ин ҷо (маҳбаси рақами 19 Хуҷанд) нестам ва бояд ҳақиқати корро бидонам, рости гапро бигӯед, мегӯянд, ки ин дурӯғ аст, мо ин шикоятномаро нанавиштаем. Касе онро дар берун навишта, номи моро дохил кардааст. Дар нома 53 ном ҳаст, 43 касро дар маҳбас пайдо кардем, 6 ном дар рӯйхати маҳбас умуман вуҷуд надорад, чанд маҳбуси дигар дар ин байн аз ҳабс озод шудааст. Дар нома имзои маҳбусон нест, танҳо номашон ҳаст.»

Ба ҳамин тариқ, ба гуфтаи масъули вазорати адлияи Тоҷикистон, шикоятнома дар мавриди нақзи ҳуқуқи маҳбусини зиндони Хуҷанд зимни баррасӣ аз забони худи зиндониён тасдиқ нашудааст. Дар сӯҳбати телефонӣ аз Назирмат Ҳилолов - муовини сарвари раёсати маҳбасоти вазорати адлия пурсидам, маҳбусин дар паси деворҳои симхордори маҳбаси Хуҷанд дар чӣ шароите ба сар мебаранд? Вай гуфт: «Шароиташон хуб, хӯроки маҳбусони ин ҷо аз дигар маҳбасхонаҳо беҳтар аст. Ман ҳама маҳбусонро ҷамъ ва сӯҳбат кардам, аз роҳбарияти ҳозираи маҳбас ҳама розӣ аст.»

Аммо дар номаи саркушода гурӯҳи маҳбусон аз лату кӯб, таҳқиру фаҳшо ва бадрафтории кормандони маҳбаси рақами 19 Хуҷанд шикоят карда буданд. Ин нома аз ҷониби наздикону пайвандони маҳбусин ахиран ба мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ расонида шуд. Падари яке аз маҳбусон бо худдорӣ аз зикри номи худ ба хотири амнияти фарзандаш, мегӯяд, номаи маҳбусонро ҳангоми дидор бо писараш дастрас кардааст: «Мо ин номаро ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ба додситонии кулл ва ба вазорати адлия бурдем, фарзанди ман мегӯяд, ба маҳбусҳо ҳарфҳои қабеҳ мезананд ва хӯрданиеро, ки мо мебарем, ба онҳо намедиҳанд, ҳуқуқашонро поймол мекунанд, лату кӯб мекунанд. Мо бо бурдани нома ба идораҳои дахлдор мехоҳем, ки чора андешида шавад.»

Дар нома ҳамчунин омадааст, ки моҳи ноябри соли 2005 иддае аз маҳбусони маҳбаси Хуҷанд ба нишони эътироз аз поймол шудани ҳуқуқи худ аз ҷониби кормандони маҳбасхона даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Дар натиҷа ду масъули зиндон аз вазифа барканор шуда, вале вазъи маҳбусин ба сурати умум бетағйир, ба ҳоли пешин боқӣ мондааст. Дар ҳоли ҳозир дар маҳбаси рақами 19 Хуҷанд, ба гуфтаи масъулини он, 1 200 зиндонӣ муҳлати ҷазоҳои худро сипарӣ мекунанд. Дар ибтидои соли равон 2 зиндонӣ аз ин маҳбас фирор карда буд, вале онҳо баъди муддате ҷустуҷӯ аз ҷониби кормандони интизомии Суғд боздошт гардида, дубора ба ин маҳбас оварда шуданд.
XS
SM
MD
LG