Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи тоҷикӣ - дар Краснодар


Каромат Шарифов, раҳбари созмони байналмилалии мавсум ба Лигаи Миллии Тоҷикон - Бунёди "Тоҷик-Диаспора" дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Родиёи Озодӣ гуфт, имсол ҷашни асосии Наврӯзи тоҷикони муқими Русия дар шаҳри Краснодар хоҳад гузашт ва онҳо ба ин манзур тавассути расонаҳои хабарӣ муҳоҷирони тоҷикро ба Краснодар даъват кардаанд. Оқои Шарифов гуфт, ҳавои Краснодар, ки дар минтақаи ҷануб ва нисбатан гармтари Русия ҷойгир аст, барои баргузории Наврӯз мусоидтар хоҳад буд.

Наврӯзи тоҷикони муқими Русия дар Краснодар рӯзи 21 март оғоз ёфта, дар маҷмӯъ 2 рӯз идома хоҳад кард. Танҳо дар шаҳру вилояти Краснодар ҳудуди 5 000 муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба сар мебурдаанд. Каромат Шарифов мегӯяд, ба ҷашнҳои Наврӯзӣ мақомоти зидахли Тоҷикистону Русия ҳам даъват шуда ва қарор аст, барои меҳмонон бо ҷалби гурӯҳҳои ҳунарии тоҷикони муқими Русия дар Кохи фарҳангии Краснодар як силсилаи консертҳо доир карда хоҳад шуд. Оқои Шарифов гуфт, ҳазинаи баргузориии ҷашнҳои Наврӯзиро асосан созмони "Тоҷик -Диаспора" ва теъдоде аз тоҷирони тоҷик бар ӯҳда дошта, онҳо ҳамчунин дар сададанд, бо гармтар шудани обуҳавои Маскав як ҷашни Наврӯзӣ барои муҳоҷирони тоҷикро дар шаҳр ва ё вилояти Маскав ҳам доир кунанд.

Сӯҳбати муфассали Каромат Шарифов, раиси созмони байналмилалии мавсум ба Лигаи Миллии Тоҷикон - Бунёди "Тоҷик-Диаспора" зери ин хати сабз ва ҳамчунин аз рамзи родиёчаи зеери сарлавҳаи ин матлаб қобили дарёфт ва шунидан аст.
XS
SM
MD
LG