Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёфт шудани манобеъи азими нафту газ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон


Донишмандони амрикоиву афғонӣ мегӯянд, дар шимоли Афғонистон, дар ҳавзаи рӯдхонаи Омӯ манобеъи азими нафту газро кашф кардаанд. Пажӯҳишгоҳи заминшиносии Амрико ва вазорати маъодин ва саноеъи Афғонистон мегӯянд, захираи кашфшудаи нафт дар ин кони нав назар ба интизороти қаблӣ 18 маротиба ва за[ираи газаш 3 баробар аз таваққӯъот бештар будааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, захираи нафти ин минтақаи воқеъ дар марзи байни Афғонистону Тоҷикистон 1,6 миллиард бушкаро ташкил дода, захираи муҷаддадан ҳисобшудаи газ дар ҳавзаи рӯдхонаи Омӯ ҳудудан ба 5 триллион метри мукааб мерасад.

Мақомот мегӯянд, ожонси тиҷорат ва рушди Амрико ба манзури таҳаққуқ ва муҳосибаи манобеъи нафту гази ҳавзаи Омӯдарё, ки дар маҷмӯъ наздики 4 сол идома дошт, 2 миллион доллар ихтисос дода буд. Хабаргузории Асошиейтед Пресс аз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай нақли қавл мекунад, ки муҳосибаи муҷаддади манобеъи нафту гази ҳавзаи Омӯро "кашфиёти хеле мусбат" хондааст.
XS
SM
MD
LG