Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташаннуҷи авзоъ дар Ховари Миёна


Шӯрои амният аз фаластиниҳо тақозо кард, фавран ҳамаи хориҷиҳоеро, ки рабудаанд, озод кунанд. Ҷамъан 10 шаҳрванди хориҷӣ рабуда шуда, то ҳол се нафари онҳо раҳо нашудаанд.
Қатар ҳамчун узви даврии Шӯрои амният таҳреро пешниҳод кард, ки дар он Исроил барои ҳамла ба маҳбас дар Каронаи Бохтарӣ маҳкум шавад. Хабаргузориҳо мегӯянд таҳри пешниҳодии Қатар ба мухолифати Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳо рӯбарӯст.

Масъули равобити берунаи Иттиҳоди Аврупо Бенита Ферйера Валднер ҳушдор дод, ки идомаи ҳамлаи фаластиниҳо ба моликияти ин иттиҳод ва рабоиши хориҷиён ба кӯмакҳои молии Аврупо ба фаластиниҳо таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт. Валднер ин суханонро дар ҳузури президенти Фаластини худгардон Маҳмуд Аббос гуфт, ки зимни рӯйдодҳои ахир сафари худро дар Страсбург қатъ кард ва ба Каронаи Бохтарӣ баргашт.
Дар ин байн нирӯҳои исроилӣ ситезаҷӯйи фаластинӣ Аҳмад Саодатро аз маҳбаси Йериҳо ба зиндони худ интиқол доданд. Боздошти ӯ ва даҳҳо фаластинии дигар пас аз муҳосираи даҳсоатаи маҳбаси Йериҳо ба вуқӯъ пайваст.

Мақомоти Исроил Саодатро дар куштори вазири ҷаҳонгардии Исроил Реваҳим Зеевӣ айбдор медонанд. Вай дар маҳбас таҳти назорати нозирони амрикоӣ ва бритониёӣ мӯҳлати ҷазоро сипарӣ мекард. Аммо мақомоти нави фаластинӣ, аз ҷумбиши Ҳамас гуфтанд, ӯ ва дигар боздоштшудагонро озод хоҳанд кард. Нирӯҳои махсуси Исроил ба маҳбас ҳамла карданд ва дар ин даргирӣ ду посбони фаластинӣ кушта шуданд.
Фармондеҳи исроилӣ, ҷенрол Гай Тзур ба хабарнигорон гуфт, амалиёт бо эҳтиёти тамом тарҳрезӣ шуда буд: "Бо сабаби изҳороти мақомоти фаластинӣ, ки Аҳмад Саодат мумкин аст озод шавад, мо нозирони зиёдеро дар шаҳр ҷобаҷо кардем то аз раҳоии ин қотилон аз зиндон пешгирӣ кунем ва ин вазифаи мо буд."

Ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё гуфтанд, онҳо маҷбур шуданд, нозирони худро хориҷ кунанд, зеро мақомоти фаластинӣ ҳаргиз натавонистаанд, амнияти онҳоро таъмин намоянд.
XS
SM
MD
LG