Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cлободан Милошевич: Куштор, худкушӣ ё фавт?


Аҳли хонаводаи раҳбари пешини Югославия Слободан Милошевич ва муттаҳидони сиёсии вай бовар надоранд, ки марги Милошевич табиӣ будааст ва мақомоти додгоҳро масъули даргузашти вай медонанд. Вакили Милошевич Зденко Томанович мегӯяд, як рӯз пеш аз маргаш, Милошевич дар номае ба сафорати Русия изҳори нигаронӣ кардааст, ки эҳтимол ба ӯ заҳр бидиҳанд: "Милошевич танҳо чанд рӯз пеш санаде гирифт, ки нишон медод, рӯзи 12-уми январи соли равон дар таркиби хуни ӯ доруи қавие ёфт шудааст, ки тибқи ин гузориш танҳо дар муолиҷаи хура ва сил истифода мешудааст."
Таҳқиқи таркиби хуни майит барои дарёфти нишонаҳои эҳтимолии заҳр идома дорад ва танҳо ин натиҷаҳо метавонанд, иддаъои вакилро таъйид ва ё такзиб кунанд. Ҳамчунин аз эҳтимоли худкушии Милошевич сӯҳбат мешавад.
Аммо мақомоти зиндон ва додгоҳи Ҳейг мегӯянд, нишонаҳое вуҷуд надорад, ки Милошевич даст ба худкушӣ зада бошад. Милошевич тақрибан 5 соли пеш барои қатли ом дар Боснияву Хорватия ва Косово боздошт ва ба додгоҳи ҷароими ҷангии Ҳейг супурда шуд.
Ричард Ҳолбрук -- дипломати амрикоӣ, ки дар музокирот барои расидан ба сулҳи Босния ё сулҳи Дейтон кӯмак карда буд, чунин мегӯяд: "Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки вай дигар озод мешавад. Ман фикр намекардам, ки вай бояд озод шавад. Вай чаҳор ҷангро оғоз кард. Ҷануби ғарби аврупоро ба хароба табдил дод. Беш аз 300 ҳазор нафар кушта шуданд, беш аз 2-ним ҳазор нафар бе хонаву ҷой монданд, аз дасти Милошевич. Вай ба сазои аъмолаш расид, бо вуҷуди ин ки солҳои тулониро дар зиндон сипарӣ накард. Вай бо ҷон додан дар зиндон ба сазои аъмоли худ расид".
Аммо ҷонибдорони Милошевич дар Сербистон даргузашти ӯро зойеъаи азим арзёбӣ мекунанд. Онҳо аз ҳукумати Сербистон талаб карданд, барои дафни Милошевич як маросими густардаи давлатӣ баргузор шавад. Вале президенти Сербистон Борис Тадич ин дархостро қатъиян рад кард. Дар байни аҳли хонаводаи Милошевич низ дар масъалаи интихоби ҷойи дафни ӯ иттифоқи назар вуҷуд надорад.
Карла Дел Понте-раҳбари муфаттишони СММ дар додгоҳи Ҳейг гуфтааст, даргузашти Слободан Милошевич-собиқ раиси ҷумҳури Югословӣ додхоҳони адолатро ноумед кардааст.Вай гуфт, баъид ба назар мерасад, ки Молишевич худкушӣ карда бошад. Аммо вай гуфт, даргузашти Милошевич боздошти Родован Карачич ва Радко Младич-раҳбарони сербҳои Боснияро, ки даст ба қатли ом зада буданд, суръат хоҳад бахшид. Ба гуфтаи Карла Дел Понте мунтазир бояд буд, то баъд аз боз кардани ҷасади Милошевич натиҷаҳои муъоинаи тиббӣ рушан шавад.
XS
SM
MD
LG