Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкон: Милошевич аз сактаи дил фавтидааст


Осебшиносони Ҳейг ва ё Гаага, ки таҳқиқи колбади Слободан Милошевичро анҷом доданд, дар як изҳороти расмӣ гуфтанд, президенти пешини Югославия аз сактаи дил фавтидааст. Сабаби вуқӯъи ин сакта зикр нашудааст ва осебшиносон мегӯянд, озмоишҳои заҳршиносон идома доранд.
Раҳбари 64-солаи Югославияи собиқ рӯзи шанбе дар маҳбас дар ҳоле ёфт шуд, ки даргузаштааст. Вай дар соли 2000-ум аз мақомаш барканор шуда, дар соли баъдаш ба Додгоҳи Ҳейг супурда шуд ва муҳокимааш бо айбномаи ҷиноятҳои ҷангӣ идома дошт.
Милошевич аз баландии фишори хун ва заъфи дил шикоят мекард, ки сабаби ба таъвиқ афтодани муҳокимаҳо шуда буд. Тибқи хабарҳо вай аз муолиҷа ва дорувор бархӯрдор буд. Аммо вакили Милошевич Зденко Томанович мегӯяд, як рӯз пеш аз маргаш, Милошевич дар номае ба сафорати Русия изҳори нигаронӣ кардааст, ки эҳтимол ба ӯ заҳр бидиҳанд: "Милошевич танҳо чанд рӯз пеш санаде гирифт, ки нишон медод, рӯзи 12-уми январи соли равон дар таркиби хуни ӯ доруи қавие ёфт шудааст, ки тибқи ин гузориш танҳо дар муолиҷаи хура ва сил истифода мешудааст."
Натиҷаи озмоишҳои заҳршиносӣ бояд ин иттиҳомро рад ё тасдиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG