Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори президент бо бонувони кишвар


Носирҷони Маъмурзода Мулоқоти ошкорои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов бо бонувони кишвар, ифтитоҳи сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар пойтахти Тоҷикистон ва баста шудани бозори «Роҳи абрешим» мавзӯъҳои саҳифаи аввали нашрияҳои чопи Душанбе дар ҳафтаи равон буд.

Нашрияи «Миллат» навиштааст, бо ин вуҷуд ки дар Тоҷикистон ва баъзе аз ҷамоҳири Шӯравии собиқ 8-уми март ҳамчун Рӯзи озодии занон таҷлил мегардад, имрӯз, ба гумони ғолиб, зани тоҷик озоду вораста нест ва аз мушкилоти рӯзгор азият мекашад. Муаллиф дар матлабаш бо номи «Як рӯзи растагорӣ, 365 рӯзи бардагӣ» гуфтааст, ки «… 8 март ҳамчун рӯзи ҷалби таваҷҷӯҳи иҷбории масъулони корхонаҳо, идораву муассисот ба занон, махсусан онҳое, ки соли дароз роҳравҳоро аз гарди нос тоза мекунанд, асту бас. Чун ин рӯз ҳамчун мероси даврони шӯравӣ ба ёдгор мондааст, ҳамаи онҳое, ки коммунизмро дигар эътироф намекунанд, ин рӯзро ҳам эътироф намекунанд ва дили нохоҳам бонувонеро, ки мунтазири табрикоташон ҳастанд, шодбош мегӯянд». «Ҳамин тариқ, мегӯяд нависандаи матлаб, табартақсими қишри муҳимми ҷомиа ва тафовути назарҳо дар рӯзи бонувон боиси озурдагӣ ва ҳам ноумедиии бисёре аз бонувон мегардад».
«Asia-Plus» дар шумораи навбатии худ мусоҳабаи Александр Семченко, раиси ширкати муштараки Русия ва Тоҷикистон мавсум ба «Созандагӣ»-ро, ки ба сохтмони нахустин меҳмонхонаи панҷситорадор дар шаҳри Душанбе пардохтааст, интишор додааст. Оқои Семченко гуфтааст, ки ин меҳмонхона дар соли 2007 ба ҳайси яке аз беҳтарин меҳмонхонаҳо дар қораи Осиё шинохта хоҳад шуд. Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки меҳмонхонаи мазкур дар маркази Душанбе, рӯ ба рӯйи боғи фарҳангу фароғати ҷавонон бунёд гардида, масоҳати умумии он 26 ҳазор метри мукаабро ташкил мекунад. Бино ба навиштаи «Asia-Plus», барои корҳои сохтмонӣ ҳудуди ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҷалб хоҳанд шуд.
Ҳамзамон мавзӯъи барҳам додани бозори «Роҳи абрешим»-и пойтахти Тоҷикистон дар сархати мавзӯъҳои нашрияи «Asia-Plus» буд. Нашрия бо истинод ба Раҷабалӣ Сулаймонов, як масъули бозори «Роҳи абрешим» навиштааст, ки фаъолияти ин бозор қонунист ва бо барҳам задани ин бозор, хисороти соҳибкорон ва дӯкондоронро кӣ ҷуброн мекунад, маълум нест. Қарор аст тоҷирони бозори «Роҳи абрешим» ба бозори «Ганҷина» равона шаванд, аммо қимати нуқтаҳои фурӯш дар ин бозор якбора ду баробар боло рафта ва акнун як метри мукааб ҷойи фурӯш ба 1000-1200 доллари амрикоӣ расидааст. Аммо мақомоти бозори «Ганҷина» мегӯянд, дар ин фурӯшгоҳ якуним ҳазор ҷойи холӣ ҳаст ва соҳибкорон метавонанд бо нархи арзон ин нуқтаҳоро харидорӣ кунанд.
Ҳафтаномаҳои ва «Вечерний Душанбе»B> матни мусоҳабаи сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳамрохон Зарифов бо расонаи «Washington Profile»-ро ба табъ расонидааст. Намояндаи диплумосии Тоҷикистон дар Амрико гуфтааст, ки «тайи панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон муқобили ҳукумати Тоҷикистон мубориза бурду ҳама хомӯш буданд». Ба иддаои оқои Зарифов, ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз бархӯрди ду ғояи ҷонибдорони Ҳизби Наҳзати Ислом ба вуҷуд омад, ки ақидаашон аз тарафи гурӯҳбозони иртиҷоии хориҷӣ дастгирӣ меёфт. Дар мавриди дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон оқои Зарифов бо хушбинӣ гуфтааст, ки тайи 40-50 соли оянда Тоҷикистон ба як давлати нируманд табдил хоҳад ёфт ва аз ҳисоби захираҳои бойи обу энержӣ бо давлатҳои абарқудрат доду гирифт хоҳад кард.
«Наҷот» дар пешорӯи Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил мешавад, ба таҳлили вазъи иҷтимоии хабарнигорон пардохтааст. Муаллифи матлаб навиштааст, ки бо вуҷуди мушкилоти иҷтимоии шумори афзуни рӯзноманигорон, ҳамчунин низоъҳо ва ихтилофҳо миёни онҳо ба мушоҳада мерасад, ки аз ин пеш аз ҳама мақомот суйиистифода мекунанд. Ҳамзамон ҳафтанома аз фаъолияти заифи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон интиқод карда ва навиштааст, барои дифоъ аз ҳуқуқи кормандони расонаҳои гурӯҳӣ ва баҳамраъйӣ расидани рӯзноманигорон ин ниҳод бояд талошҳо варзад.
Ҳафтаномаи «Бизнес и политика» бо пуштибонӣ аз иқдоми раёсати ҷумҳур, ки барои омӯзгорони беҳтарини кишвар ба ҳаҷми ду ҳазор доллари амрикоӣ идрорпулӣ таъин кардааст, як идда пешниҳодоти дигар дорад. Муаллиф навиштааст, ки ба ҷуз идрори президент барои омӯзгорон инчунин таъсиси чанд нишони фахрӣ низ ба мақсад мувофиқ аст. Дар ин матлаб омадааст, ки нишонҳои фахрӣ ба мисли «Барои корҳои шоёни тарбиявӣ», «Пешоҳанги муваффақи муассисаи маориф» ва «Барои истеъдоди нодир» бояд натанҳо ба омӯзгорони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, балки ба устодони донишгоҳҳо, кормандони Академияи улум ва ходимони илму маориф низ тақдим шаванд.
«Ҷавонони Тоҷикистон» хостори таваҷҷӯҳи хонандагон ба мушкилоти Бунёди забони тоҷикии форсӣ шудааст. Ойишаи Ҳомид, раиси Бунёди мазкур дар мусоҳаба бо ин нашрия гуфтааст, феълан ҳам забони тоҷикӣ ва ҳам Бунёди забони тоҷикии форсӣ ба дастгирии аҳли умум эҳтиёҷ дорад. Ба гуфтаи хонум Ойиша, «идораи Бунёд, ки замоне дар ихтиёраш ду миллион рубли Шӯравӣ дошт, акнун ҳатто як телефон ҳам надорад ва наметавонад барои нашри рӯзномаи «Сомон» панҷ сол боз сарпараст пайдо кунад». Дар матлаби мазкур, аз қавли Ойишаи Ҳомид омадааст, ки бояд қонуни забон такмил ва таҷдид шавад ва гузашта аз ин, Ҳукумати Тоҷикистон як Барномаи вижаи ҳифзи забони давлатиро матраҳ ва амалӣ кунад.
XS
SM
MD
LG