Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довталаби ҷоизаи Долтабоев чаҳор даста


Чаҳор дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон CSKA-и Душанбе, Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, СКА «Помир»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба бозиҳои нимниҳоӣ барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик роҳ ёфтанд. СSKA тими Вазорати дифои Тоҷикистон дар се бозӣ ҳафт имтиёз ба даст оварда, дар сабқати гурӯҳи «А» дар мақоми аввал қарор гирифт.Тими дигари ин вазорат СКА «Помир» бо панҷ имтиёз мақоми дуввумро соҳиб гашт. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2005 бо ҳафт имтиёз дар гурӯҳи «Б» ғолиб шуд.Тими «Вахш» -- қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар сабқати гурӯҳи «Б» мақоми дуввумро ишғол кард. Ба ин тартиб дар бозиҳои нимниҳоӣ, ки рӯзи ҷумъаи 10 март дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад, СSKA бо «Вахш» ва «Регар» ТадАЗ бо СКА «Помир» рақобат мекунанд.
Ва як хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ рӯзи панҷшанбеи 9 март ба шаҳри Шимкенти Қазоқистон сафар кард. Ин мусобиқа бо ширкати 18 дастаи футболи кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ рӯзи 10 март оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG