Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон дар мулоқоти Райс бо Лавров


Вузарои хориҷаи Амрикову Русия Кондолиза Райс ва Сергей Лавров дар мулоқоти худ дар Вошингтон дидгоҳи ин ду кишвар ба баҳси ҳастаии Эронро наздик кардаанд. Хонум Райс дар пай анҷоми ғанисозии ураниум дар қаламрави худи Эронро ба маҳзи хатароте, ки ба паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ эҷод мекунад, ғайриқобилиқабул номид. Аммо ӯ ба зарурати иттихози таҳримоти оҷили СММ таъкид накард, балки гуфт: "Албатта, Эронро барои посух додан ба таҳаввулоти ахир ҳанӯз фурсат дорад, аммо дидгоҳи мо хеле возеҳ аст: мо фикр намекунем, ки аз қадами аввал дар ША барои ҷорӣ кардани таҳримот талош кунем."

Сергей Лавров ба навбаи худ гуфт, Маскав дар мавриди тарҳи пешниҳодиаш роҷеъ ба наҳви ғанисозии ураниуми лозим барои фаъолияти таъсисоти ҳастаии Эрон гузашт намекунад. Оқои Лавров гуфт, музокироти ҳастаии Русия бо Эрон рӯи талошҳо ба манзури ба иҷрои талаботи созмони ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ мутақоид сохтани Эрон тамаркуз ёфтааст. Ноиби раисиҷумҳури Амрико Дик Чейни дирӯз гуфт, дар сурати идомаи саркашиаш аз иҷрои талаботи ҷомиаи байналмилалӣ Эрон ба пайомадҳои ҷиддие рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз нишасти созмони ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ дар Вена ба рӯзи севвуми баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон хоҳад оғоз кард.
XS
SM
MD
LG