Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

" Бомдод" барои нашри дубора ба 94 ҳазор доллар ниёз дорад.


Носирҷони Маъмурзода

"Бомдод" ягона нашрияи мустақили ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар қаламрави вилояти Хатлон бинобар камбуди молӣ чопи худро мутаваққиф сохтааст ва се моҳ аст,ки ба ин далел 11 корманди ин нашрия маош дарёфт наменамоянд.Давлати Шоҳэътибор, менеҷери нашрияи «Бомдод» дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, дафтари Созмони амнияту ҳамкории аврупо дар Тоҷикистон соли 2004 барои таъсис ва фаъолияти ин ҳафтанома 24 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо карда буд ва тибқи тавсияи намояндагии ин созмон «Бомдод» ба сурати ройгон паҳн мегардид ва масъулини ҳафтанома ҳаққи ба фурӯш мондани онро надоштанд.Аз ин лиҳоз ҳафтанома натавонистааст фоида ба даст орад.Давлати Шоҳэътибор инчунин гуфт, ҳисоб шудааст, ки барои дубора ба роҳ мондани чопи ҳафтаномаи «Бомдод» ҳудуди 94 ҳазор доллари амрикоӣ лозим аст ва зимнан тақозои дарёфти чунин маблағ аз намояндагии Созмони амнияту ҳамкории аврупо дар Тоҷикистон шудааст.Ин дар ҳолест,ки Маркази созмони амнияту ҳамкории аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд созмони мазкур метавонад танҳо чаҳоряки маблағи дархостшударо дар ҳоли ҳозир ҷудо намояд.
Эуҷиния Бенини, масъули бахши робита бо расонаҳои гурӯҳии намояндагии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон низ мегӯяд ин созмон маблағгузории ҳафтаномаи «Бомдод»-ро идома хоҳад дод,аммо афзудааст у, ҳаҷми кӯмаки молӣ ва замони ироаи он ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Бомдод» нахустин нашрияи мустақили ҷамъиятию сиёсӣ дар қаламрави вилояти Хатлон маҳсуб меёбад.То кунун 63 шумораи он бо теъдоди умумии беш аз 60 ҳазор нусха ба нашр расидааст.Гуфта мешавад бо мутаваққиф шудани чоп,ин нашрия теъдоди зиёди хонандагонашро аз даст додааст.
Носирҷони Маъмурзода, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG