Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фиристодани шикояти додгоҳӣ алайҳи Саид Абдуллои Нурӣ


Ширкати шабакаҳои обрасонии шаҳри Душанбе алайҳи Сайид Абдуллои Нурӣ-раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба яке аз додгоҳҳои навоҳии пойтахти Тоҷикистон шикоят бурдааст.Шавкат Саидов сухангӯи шаҳрдории Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт ин матлабро Маҳмадсаид Убайдуллоев-шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон дар нишасте бо ҳузури хабарнигорон дар шаҳри Душанбе иброз доштааст.Дар ҳамин ҳол, Ҳикматулло Сайфуллозода-сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, то кунун ҳеҷ гуна санад дар ин робита ба дафтари ин ҳизб ворид нашудааст. Сайид Абдуллои Нурӣ дар яке аз шумораҳои моҳи декабри соли гузаштаи нашрияи «Миллат» бархе мақомоти сутуҳи мухталифро ба истифодаи нодурусти маблағҳои ҷудо шуда барои бозсозии шабакаҳои обрасонии шаҳри Душанбе ва ҳамчунин фасодзадагӣ муттаҳам карда буд. Пойгоҳи интернетии ИА REGNUM ба нақл аз Маҳмадсаид Убайдуллоев-шаҳрдори Душанбе навиштааст акунун ба ҷаноби Нурӣ лозим меояд бо ҳузур дар додгоҳ иддаъои худро собит кунад ва ё тавассути матбуот ба таври расмӣ аз мақомоти ширкати шабакаҳои обрасонии шаҳри Душанбе узр хоҳад. Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфтааст, масъалаи мазкур ахиран дар мулоқоти ӯ бо Сайид Абдуллои Нурӣ низ баррасӣ шудааст.Ҳамин манбаъ дар идомаи нақли қавл аз шаҳрдори Душанбе менависад, Сайид Абдуллои Нурӣ дар ин мулоқот гуфтааст, нашрияи «Миллат» иқтибоси ӯро таҳриф кардааст. Шаҳрдори Душанбе бо ишора ба ин матлаб афзудааст, агар таҳрифи иқтибоси Нурӣ тавассути нашрияи «Миллат» исбот шавад, дар он сурат қазияи ин нашрия ба додгоҳ кашонида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG