Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Парвиз Мушарраф аз мақомоти Афғонистон


Рӯзи душанбе раисиҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф, ки бо хабарнигорон дар шаҳри Равилпинди сӯҳбат мекард, гуфт, вазорати дифоъ ва мақомоти иктишофии Афғонистон алайҳи Покистон тавтиъасозӣ мекунанд ва чунин нишон медиҳанд, ки ин кишвар алайҳи терроризм ба таври ҷиддӣ мубориза намебарад. Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ки Покистон ба манзури гирифтани пеши роҳи ҷангиёне, ки аз марзи Покистон вориди Афғонистон мешаванд, коре накардааст. Аммо Парвиз Мушарраф ин иддаоро бебунёд номид. Ӯ рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо телевизиони амрикоии Си Эн Эн гуфт: "Ман аз кори мақомоти иктишофии Афғонистон сахт муттаассифам ва ба назари ман, ин як талоши хеле ва хеле ҳадафмандона барои бадном кардани Покистон аз сӯи маъмурони иктишофии афғон аст ва президент Карзай аз он чи, ки дар кишвараш мегузарад, комилан дарак надорад."

Як мақом аз дафтари Ҳомиди Карзай, президенти Афғонистон суханони Мушаррафро тамоман ғайридипломатӣ ва номуносиб номида гуфт, танҳо роҳ ба сӯи оянда роҳи ҳамкорист.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Покистон хабар додаанд, ки тайи се рӯзи даргириҳо дар атрофи шаҳри Мироншоҳ, воқеъ дар манотиқи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ беш аз 100 ҷангии исломӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG