Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Бурнс: "Эрон аз "хатти сурх" мегузарад"


Муовини вазири хориҷаи Амрико Николас Бурнс гуфта, ки Шӯрои Амният (ША)-и Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бояд ба масъалаи фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми Эрон дахолат кунад, чунки Эрон дар ин масъала бо вуҷуди мухолифати ҷомиаи байналмилалӣ як мавзеъи ғайриқобилиқабулро пеш гирифтааст.Оқои Бурнс гуфт, Эрон бо ин иқдомаш аз хатти сурхи байналмилалӣ убур мекунад ва бояд то дами даст бардоштанаш аз фаъолиятҳои ғанисозӣ ША ба ин мавзӯъ дахолат кунад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Том Кейси ҳам гуфта, ки набояд ба Эрон ҳаққи ҳаққи резатарин фаъолияти марбут ба ғанисозии ураниум дода шавад.

Бо ин ҳол, дирӯз дар Вена Шӯрои ҳуккоми созмони ҷаҳонии назорати нирӯи ҳастаӣ ба баррасии дигарбораи барномаҳои ҳастаии Эрон оғоз кард. Раиси ин созмон Муҳаммад Бародай дар ифтитоҳи ин нишст гуфт, масъалаи Эрон шояд як ҳафта ва ё чизе бештар аз онро дар бар бигирад. Аммо ӯ афзуд, ҷаҳон бояд сурати он чиро, ки бо Эрон ва дар Эрон мегузарад, бо рангҳои мушаххастар ифода кунад.

Интизор меравад, ки Шӯрои 35-нафарии ҳуккоми ин созмон қарори қаблиаш дар бораи ба ША СММ гузориш кардани парвандаи ҳастаии Эронро тасвиб кунад.Як идда кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Амрико талаб доранд, ки Эрон фаъолиятҳои ғанисозии ураниум - як марҳалаи аслӣ барои даст ёфтан ба тавлиди силоҳҳои ҳастаиро бас кунад. Эрон аммо мегӯяд, фаъолиятҳояш мусолиматомезанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, ки дар Канада ба сар мебарад, даъвати Русия аз Эронро такрор кард, ки бозгаштани он кишвар ба ҳолати тавқифи барномаи ғанисозии ураниумашро як шарти таъсиси корхонаи муштараки ғанисозии ураниум дар қаламрави Русия хондааст.
XS
SM
MD
LG