Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон кишти хашхош афзоиш ёфтааст


Талоши ҳукумати Афғонистон барои коҳиши кишти хашхош ҳанӯз натиҷае надодааст - кишти кукнор дар кишвар назар ба соли гузашта афзоиш ёфтааст. Дар як гузориши ҳукумати Афғонистон ва Созмони милали муттаҳид омадааст, ки соли равон дар 13 вилоят назар ба соли гузашта бештар хашхош кишт шудааст. Тибқи ин гузориш дар 16 вилояти Афғонистон мунтазам кукнор кишт карда мешавад ва кишти ин маводи нашъадор фақат дар се вилоят коҳиш ёфтааст.
Хабаргузории Ассошейтед Пресс гуфтаҳои Дорис Бадденберг, корманди дафтари Созмони милал дар бахши мубориза бо маводи мухадир ва ҷиноёти сангинро овардааст, ки мегӯяд "раванди афзоиши кишти хашхош боиси нигаронии Созмони милал шудааст". Афғонистон аз бузургтарин тавлидкунандагони кукнор - маводи аслӣ барои истеҳсоли ҳероин маҳсуб мешавад.
Коҳиши кишти хашхош аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти ҳукумати Афғонистон эълон шудааст. Раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай чанд бор гуфта буд, ки ҳукумат ба хотири тағйири афкори ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар баробари Афғонистон барои аз байн бурдани кишти хашхош талош хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG