Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ ва Ҷазз


"Говорит Луис Армтсронг на радиостанции..." Ин як пора аз сӯҳбати ситораи маъруфи мусиқии ҷазз Луис Армстронг аст, ки ҳанӯз соли 1958 аз барномаҳои бахши русии Радиои Озодӣ садо додааст. Аммо Луис Армстронг исми Радиоро гуфта натавонист ва вожаи "Озодӣ"-ро аз ин ҷумлааш ҳазф кард. Албатта, Армстронг дар забони русӣ ба андозае балад набуд, ки дар мусиқии сеҳрангези ҷазз буд.

Дар авоили солҳои шастум раҳбари вақти Шӯравӣ Никита Хрушёв мусиқи ҷаззро декадентӣ унвон кард ва бо ҳамин болои он дар қаламрави Шӯравӣ табу гузошт. Расонаҳои расмии Шӯравӣ аз нашри чунин мусиқӣ даст бардоштанд ва Родиёи Озодӣ аз ҷумла танҳо чанд расонаи хориҷӣ буд, ки ин халоъро пур ва садои ҷазро дар ҳама паҳнои Шӯравӣ танинандоз мекард. Дар он замон ҳар он чи ки дар Ғарб табъу нашр мешуд, дар Шӯравӣ "Тамиздат" номаш карда буданд ва барномаҳои ҷаззи Родиёи Озодӣ ҳам намунае аз ҳамин "Тамиздат" буд, ки мавҷҳои Родиё то дурдасттарин гӯшаҳои Шӯравӣ мебурд.

Соли 1963 Борис Оршанский ба барномааш ки "Это - Ҷазз" ном дошт, гурӯҳи "Бедмен Груп"-ро даъват кард, ки соле пеш аз он ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафари ҳунарӣ дошт ва бо худ намунае чанд мусиқии ҷази шӯравиро ҳам оварда буд. "Бедмен Групп" аммо ба далоили амниятӣ ин мусиқиҳоро бидуни ном бурдан аз исми оҳангсозаш иҷро мекард.Ва фақат соли 2002, яъне баъди 40 сол маълум шуда, ки ин оҳангҳо маҳсули дасти Геннадий Голдштейн будаанд. Геннадий Годштейн мегӯяд, вақте мусиқии навиштаашро аз Родиёи Озодӣ шунид, сахт муттаасир шуд. Ӯ мегуфт, чунон хушаш омада буд, ки гӯё мусиқии ҷаззи ӯро Мосарт ва ё Бах иҷро карда бошад.

Баъди 40 сол кормандони бахши русии Родиёи Озодӣ ин қартаҳои гумноми ҷаззро зери муқоваи як албоми иборат аз 10 мусиқӣ таҳти унвони "Озодии Ҷазз" гирд оварданд.

Воқиан Луис Армстронг ҳине ки 48 сол қабл меҳмони Родиёи Озодӣ буд, мусиқи дар он солҳо маъруфи "Пят минут" аз филми "Шаби Карнавал"-ро иҷро кард. Ин таронаро овозхони маъруф Людмила Гурченко мехонд. Гурченко ҳоло ҳаёт аст ва шояд хеле ҳайратзада ҳам шуда бошад, ки таронаи ӯро панҷ даҳсола пеш Луис Армстронг, ин ситораи бузурги ҷззи ҷаҳонӣ иҷро кардааст ва бо чунин маҳорату бо чунин шавқу шӯр.
XS
SM
MD
LG