Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба маъбади яҳудиён


Сафорати Тоҷикистон дар Амрико бо нашри як баёнияи расмӣ хостааст, то нигарониҳои байналмилалӣ дар мавриди тахриби ягона канисаи яҳудиён дар шаҳри Душанберо коҳиш диҳад. Дар баёнияи расмии сафорат, ки рӯзи ҷумъа нашр шуд, гуфта мешавад, ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе бо назардошти эҳсосоти мазҳабӣ ба масъалаи интиқоли канисаи яҳудиён аз маркази пойтахт, ки дар он ҷо биноҳои маъмурии нав бунёд мешаванд, тавваҷӯҳи хос додааст. Ба гуфтаи сафорати Тоҷикистон дар Амрико агарчӣ худи маъбад ҷойи муқаддас аст, вале ин бино, ки 30 сол пеш бо сармояи давлат бунёд шудааст ва як бинои оддӣ аст, арзиши қобили мулоҳизаи меъморӣ ва таърихӣ надорад.
Сафорат таъкид кардааст, ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ қасд надошт, бидуни тавофуқу ризоияти ҷомеаи яҳудиён канисаи мазкурро хароб кунад. Сафорат афзудааст, ба ин хотир шаҳрдории Душанбе дар ду соли гузашта бо раҳбарони ҷомеи яҳудиён масъалаи тахриби канисаро баррасӣ кард ва ризоияти онҳоро ба даст овард.
Сафорати Тоҷикистон гуфтааст, сару садои садамазананда ба муносиботи хуб ва боиси ибрати ҷомеаи яҳудиён ва мардуми тоҷик ҳукумати Тоҷикистонро нигарон кардааст. Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Амрико афзудааст, ки равобити хуби мавҷуд миёни тоҷик ва яҳудиёни бухорӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамеша намунаи хуби ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистӣ миёни миллатҳо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG