Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷиронро иттиҳоди онҳо наҷот медиҳад


шаҳри Маскав Дар вилояти Ярославл беш аз ҳазор муҳоҷири тоҷик хушу хурсанд зиндагӣ ва кор мекунанд, бачаҳои онҳо мактаб мехонанд ва ин оилаҳо мушкиле надоранд. Раиси ҷомеа Рустам Мирзохоҷаев мегӯяд, сабаби осудагӣ ва пешрафти муҳоҷирони тоҷик дар минтақа ваҳдат, ҳамбастагй ва рафтору кирдори хуби онҳост.

Рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар Русия аслан мушкил мегузарад. Ин мушкил агар аз як сӯ ба кишвари бегона, обу ҳавои бегона ва расму русуми бегона рабт дошта бошад, аз сӯи дигар ба беҳуқуқии муҳоҷир дар ин кишвар бастагӣ дорад. Ҳарчанд байни Русияву Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 дар Душанбе дар ҳузури руасои ҷумҳури ду кишвар В.Путин ва Э.Раҳмонов созишномаи танзими муҳоҷирати корӣ ба имзо расид , дар зиндагии муҳоҷирони тоҷик то кунун тағйироте ба вуҷуд наомадааст. Муҳоҷирони тоҷик чун даҳ солу дувоздаҳ сол пеш, пас аз се рӯзи вуруд ба Русия ба сабаби надоштани имкони воқеъии сабти иқомат, ба муҳоҷири ғайриқонунӣ табдил меёбанд. Муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳамвора мавриди таъқиби пулиси ин кишвар аст. Гурӯҳҳои миллатгаро, яъне скинҳедҳо ва корфармоёни фиребгар аз дигар душманони муҳоҷирон дар ин сарзамин ҳастанд. Ягона имтиёзе ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия дорад, истифода аз муқаррароти бидуни виза ва ё раводид байни ду кишвар аст, вале ин имтиёз ҳам ба мисли имтиёзи сайдест, ки донаро мебинад, вале аз дом бехабар мемонад ва ба дасти сайёд меафтад.
Дар ҳамин ҳол тайи замони муҳоҷират ба Русия, ки аз баҳори соли 1992 аз аввалин рузҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад, бахше аз муҳоҷирон дар Русия бо истифода аз дипломатияи мардумӣ ва роҳандозии иртибот бо мақомоти маҳаллӣ барои худ зиндагии каму беш шоиста ташкил кардаанд.
Яке аз чунин иттиҳодияи муваффақ ва комёби муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Ярославл, воқеъ дар 400 километрии шимоли шаҳри Маскав фаъолият мекунанд. Дар ин минтақа беш аз ҳазор муҳоҷири тоҷик зиндагӣ ва кор мекунанд, бачаҳои онҳо мактаб мехонанд. Дар бораи фаъолияти ин иттиҳодия, ки бо номи Сомониён ёд мешавад, раиси он Рустам Мирзохоҷаев ба радиои Озодӣ ин тавр маълумот дод:
"Дар шаҳри мо аз як то якуним ҳазор тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Бисёрии онҳо бо оилаҳояшон дар деҳот ба сар мебаранд. Фарзандони онҳо тақрибан то ҳафтод нафар дар макотиб ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аксари тоҷикони муқими ин шаҳр 13 -14 сол аст,ки дар инҷо кору зиндагӣ мекунанд."
Ба гуфтаи Рустам сабаби осудагӣ ва пешрафти муҳоҷирони тоҷик дар минтақа ваҳдат, ҳамбастагй ва рафтору кирдори хуби онҳост.
Яке аз дигар нишонаҳои мусбате ки дар ҷараёни муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия солҳои ахир мушоҳида мешавад, дар идораҳои масъули давлатии Русия ба кор пардохтани муҳоҷирон мебошад. Онҳо барои кӯмак ва ёрӣ ба ҳамватанони тозавориду овораи худ ҳозир ҳастанд.
Саид Мирзомуддинови муҳоҷир, корманди Иттифоқҳои касабаи бинокорони Русия мебошад. Мирзомуддинов мегӯяд тайи замони фаъолияти худ, бо кӯмаки раёсати иттифоқҳои касаба ва додситонӣ аз корфармоёни фиребгар беш аз 3 миллион рублро рӯёнида, ба муҳоҷирон додааст. Вай ҳамзамон мегӯяд, иттиҳодияи касбии бинокорони Русия талош дорад, барои истиқомати муваққатии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав як-ду хобгоҳ ба иҷора бигирад. Вай ҳамзамон аз муҳоҷирони тоҷик даъват мекунад, ки ба узвияти Иттифоқҳои касабаи бинокорони Русия шомил шавад, то ки ба ҳангоми зарурат расидан ба мушкили онҳо осон бошад.
"Дар муддати кӯтоҳ ман қариб то сеюним миллион рубл ба муҳоҷирини тоҷик рӯёнида додем ,зеро онҳоро шаш-ҳафт моҳ кор фармуда, музди кор надода буданд. Бо кӯмаки прокуратура ва Вазорати умури дохила ба ин кор муваффақ шудем. Агар муҳоҷирин ба иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Русия аъзо мешуданд, чунки дар ин замина миёни ҳарду кишвар созишномаҳо мавҷуд ҳаст мо хеле нақшаҳо дорем ,ки ҳуқуқи муҳоҷиринро ҳимоя кунем. Мо як филмеро ҳам аз ҳаёти тоҷикони Русия тавассути телевизиони НТВ-и ин кишвар ба намоиш гузоштем. Мо ҳозир як мактуберо ба роҳбарони Русия ва Тоҷикистон омода кардаем, ки дар он барои муҳоҷирини тоҷики шаҳри Маскав як хобгоҳ тақозо карда мешавад, барои он муҳоҷироне ки сарпаноҳ надоранд."
Бино ба омори мавҷуд дар саросари Русия 25 иттиҳодияи иҷтимоъии тоҷикони муҳоҷир фаъолият мекунад. Як қисми ин ҷомеъаҳо барои ваҳдат ва пуштибонии мардуми муҳоҷир корҳои хайреро анҷом додаанд. Ба вижа дар вилоятҳои Твер, Новосибир, Волгоград ва Астрахан. Вале дар тамоми Русия як иттиҳодияи сартосарии муҳоҷирони тоҷик вуҷуд надорад. Чанд сол аст,ки барои ташкили иттиҳодияи саросарӣ баҳсу мунозира идома дорад, вале ҳанӯз ба натиҷа нарасидаанд. Тибқи қонунҳои марбутаи Русия иттиҳодияҳои иҷтимоъии ақаллиятҳои миллӣ дар ин кишвар аз ҳисоби онҳое ташкил бояд гарданд, ки дар Русия муқимӣ зиндагӣ мекунанд. Бино ба саршумории ахири Русия то соли 2002 120 ҳазор тоҷикон бо дарёфти мақоми шаҳрвандии Русия дар ин кишвар муқимӣ шудаанд, аммо онҳо хеле пароканда маскан гирифтаанд.
Бино ба оморҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳарсола аз 400 то 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Русия меоянд.
XS
SM
MD
LG