Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Кобул мегӯянд, шӯриши Пуличархӣ поён ёфт


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, баъд аз интиқоли ҳамаи 1 ҳазору 300 маҳбус ба бинои нав, шӯриш дар зиндони Пуличархӣ поён ёфта, вазъият пурра таҳти назорати полис аст.
Ноиби вазири адлияи Афғонистон Муҳаммадқасими Ҳошимзай ба хабарнигорон гуфт, мақомоти кишвар вазъиятро дар маҳбас зери назорат доранд.
Ба ҳисобҳои гуногун аз 5 то 6 маҳбус дар ҷараёни ин ошӯб ба ҳалокат расиданд, ки гуфта мешавад, як нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки соли 2001 дар ҷануби Афғонистон боздошт шудааст.
Ошӯб дар Пуличархӣ рӯзи шанбеи 25-уми феврал сар зада, гуфта мешавад, онро афроди Ал Қойида ва Толибон барпо кардаанд.
XS
SM
MD
LG