Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Як яхдон ва ду гов ба гарав мегузорам"


Бо мусоидати моливу фаннии Оҷонси рушди байналмилалии Амрико - ЮСАИД барои нахустин бор Вазорати адлияи Тоҷикистон соҳиби барномаи мудерни компютерӣ ҷиҳати сабти гарави амволи манқул гардид. Бино ба иттилоъи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, кӯмаки ёдшуда дар чаҳорчӯби иҷрои тарҳҳои кӯмакии сафорати давлати Амрико ироа шудааст ва ҳадаф аз он ташвиқи соҳибкорӣ ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аст. Иҷрои ин тарҳ, ки маблағи умумии он баробар ба 240 ҳазор доллар аст, имкон медиҳад, ки шаҳрвандон барои дарёфти қарз аз сӯи бонкҳо амволи манқули дар ихтиёр доштаи худ, аз қабили яхдон, телевизион ва ҳайвоноти хонагиро ба гарав гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон барои дарёфти ҳар гуна қарз ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ метавонистанд, танҳо амволи ғайри манқули худ аз қабили манзил ва нақлиётро замонат гузоранд. Шӯҳратулло Ғаюров, сардори бахши таҳияи феҳрас ва сабти амволи тазминии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, роҳандозии барномаи сабти амволи манқул як низоми комилан ҷадид дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва феълан, дар кишварҳои минтақа он танҳо дар Қирғизистон мавриди иҷро қарор дорад. Ба эътиқоди оғои Ғаюров, имкони пешниҳоди амволи манқул ба ҳайси замонат заминаи рушди бахши хусусиро дар Тоҷикистон фароҳам меорад.

Ожонси байналмилалии рушди Амрико барои рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон барномаҳои мухталифро амалӣ месозад. Cафорати Амрико дар Тоҷикистон бо интишори як баёния ахиран эълом доштааст, ки аз ин ба баъд низ ба кӯмакҳои худ дар ин самт дар ин кишвар идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG