Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Мисбоҳ» майдон меҷӯяд


Мазҳариддини Ғозӣ, сардабири ҳафтанома дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, «Мисбоҳ» масоили марбут ба илм, фарҳанг, маориф, санъат, ҳунарҳои мардумӣ ва мардумшиносиро фаро гирифта, тасмим дорад, дар ояндаи наздик бо 4 забон нашр гардад: «Ҳафтаномаи мо ба забони тоҷикӣ ва хатти тоҷикии арабиасос, русӣ, англисӣ ва арабӣ нашр мешавад.»

Ба иттилоъи Мазҳариддини Ғозӣ, ҳадафи дигар ва аслии ҳафтаномаи ҷадид поккории забони давлатӣ аз луғоту ибороти ғалат ва мушкили сарфу наҳвии забони тоҷикист.

Коршиносон мегӯянд, замони ахир чанд ҳафтанома нашр шуд. Ва аммо халои иттилоотиро онҳо рафъ накардаанд. Зеро ба дигар газетаҳо монандие доранд. Иброҳим Усмонов -- муовини аввали вазири фарҳанги кишвар мегӯяд, «Мисбоҳ» низ ҳарчанд майдони нав меҷӯяд, аммо сабк, услуб, тарзи баёни он ба ҳафтаномаи «Наҷот» нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) монанд аст:

«Таъсири равияи «Наҷот» ҳаст. Тарзи тафаккураш ба ҳамон наздикӣ дорад. Ҳарчанд аз нахустин шумора хулоса баровардан, дар борааш гап задан душвор аст, вале тарзи баён, гуфтор, диди он ба «Наҷот» наздиктар аст. Шояд тафовуташ аз «Наҷот» ин аст, ки «Мисбоҳ» ба илм, ба рӯшанфикрон таваҷҷӯҳи бештаре дорад»

Ба иттилоъи Мазҳариддини Ғозӣ, воқеан ҳам як самти фаъолияти ҳафтавор таълими фарҳанги исломӣ ва таҳаммул байни адён ва мазҳабҳост, вале ин ҳафтанома аз «Наҷот» тафовути ҷиддӣ дорад.
XS
SM
MD
LG