Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомониён" дар Петербург


Дар шаҳри Санкт-Петербург ва маҳаллоти атрофи он беш аз 11 ҳазор тоҷикони муҳоҷир кор ва зиндагӣ мекунанд. Назари Мирзода-раиси ҷамъияти тоҷикони муҳоҷири муқими Санкт -Петербург мавсум ба "Сомониён" гуфт, ки шароити кору зиндагии тоҷикони муҳоҷири Санкт-Петербург нисбат ба шароити муҳоҷирони Маскав беҳтар аст. Ба гуфтаи ӯ, ҷамъияти тоҷикони муҳоҷир дар шаҳри Санкт-Петербург як корхонаи муштараке ташкил кардааст, ки муҳоҷиронро метавонад бо кор таъмин кунад:

"Механизми кори он чунин аст. Ин ширкат ширкати русӣ, яъне ширкати Санкт-Петербург аст. Аз тарафи ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр ташкил шудааст. Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро аз тарафи мақомоти ин шаҳр гирифтем, аз ҷумла, лисензия барои корро гирифтем, аз идораи муҳоҷират барои муҳоҷирин иҷозат гирифтем. Аз ин рӯ тоҷикон метавонад биоянд ва ба рӯихати яксолаи кор номнавис шаванд. Дар ин ширкат кор накунанд ҳам дар дигар ширкатҳо метавонанд, ки ҷойи кор пайдо кунанд. Ҳам муҳоҷироне, ки дар ҳамин ҷо ҳастанд ва ҳам муҳоҷирине, ки ихтисос доранд , масалан харротанд, хиштчинанд пардозгаранд ва бақия корҳои сохтмониро метавонанд, мо ба кор мегирем.То чил-панҷоҳ касро ширкат метавонад ба корҳои мухталифи сохтмонӣ ҷалб кунад".

Ба эътиқоди Назари Мирзода, бахшҳои аслии қарордодҳои имзошуда миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ба сабаби гузаштани вақт дигар ба дарди муҳоҷирини тоҷик намехурад. Дар сурате,ки Тоҷикистону Русия дар ин қарордод таҷдиди назар кунанд ва мушобеҳ бо ҷумҳуриҳои Белорус ва Украина имкониятҳои бештаре ба муҳоҷирини тоҷик қоил шаванд, дар ин ҳолат вазъи муҳоҷирини тоҷик беҳтар мешавад.

"Агар шароите, мисли шароит барои муҳоҷирини Белорусия барои тоҷикон низ муҳайё шавад, хеле хуб мешавад. Онҳо дар муддати се моҳ- то номнависӣ ва дарёфти ҷойи кор камтар ба мушкилоти ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳозир, барои мисол, коргароне, ки аз Белорусия меоянд, онҳо ягон проблема надоранд, дар шаҳри Санкт- Петербург ва дар тамоми Русия. Вале ин мушкилот барои тоҷикон ҳамеша вуҷуд дорад".

Назари Мирзода аз фаъолияти намояндагиҳои вазорати кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Руссия интиқод кард.

"Намояндагиҳое, ки аз вазорати кори Тоҷикистон меоянд, назди мо ҳам меоянд. Мо барои онҳо пешниҳодоти худро мегӯем онҳо низ назару фикри худро пешниҳод мекунанд. Барои мисол он нафароне,ки пулҳояшонро намедиҳанд, нафароне,ки бе қарордод кор мекунанд, нафароне, ки бемор мешаванд ва боз ба дигар мушкилот мувоҷеҳ мешаванд, бояд, ки онҳо ба ҳамин корҳо сафарбар бошанд. Ин фикр ман аст. Ман барои онҳо мегӯям, ки вақте аз Тоҷикистон меоянд, як дастурамале дар даст дошта бошанд. Онҳо меоянд, ҳеҷ дастурамале надоранд. Дастурамале, ки барои онҳо дар Руссия тартиб додаанд, метавонад, ки аз имсол то соли оянда хеле кӯмак кунад. Он намояндагиҳое, ки аз вазорати кор дар ин ҷо фаъолият мекунанд, барои онҳо аз се дид : аввал сохтмон, дуюм он нафароне, ки депортатсия мешаванд, сеюм барои ҷиҳати зисту зиндагии онҳо ба ин ҷо меоянд, бештарашон аз дасти бе қонунӣ фиреб мехуранд, онҳоро пуштибонӣ кунанд. Аксарият ин корҳоро намекунанд. Лекин онҳое,ки ба Санкт-Петербург нав омадагӣ ҳастанд, корашон хеле хуб аст. Он нафари масъул дар ин ҷо Бураков Амрулло аз ӯҳдаи кори худ хеле хуб мебарояд. Баъд , барои ҳалли баъзе корҳои, масалан, ки байни муҳоҷиру милиса мешавад , мо ҳам меравем, онҳо ҳам мераванд".

Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ягона ҷамъиятест, ки бо мақомоти Санкт-Петербург робита дорад. Ва метавонад то андозае аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дифоъ кунад. Барои мисол дар соли ахир чанд корманди пулиси шаҳри Санкт-Петербург ба дархости ҳамин ҷамъияти тоҷикон, ки муҳоҷиронро таъқиб ва азият карда буданд, муҷозот шуданд.

Расули Шодон ,Маскав
XS
SM
MD
LG