Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санги аввали нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда


Рӯзи 20 феврал дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, раиси парлумони Эрон Ғуломалии Ҳадоди Одил ва вузарои энержии се кишвари Тоҷикистону Афғонистону Эрон - Ҷӯрабек нурмуҳаммадов, Муҳаммад исмоилхон ва Саид Парвизи Фаттоҳ - расми ифтитоҳи сохтмони нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда доир шуд. 180 миллион доллар ҳазинаи ин сохтмонро ҷониби Эрон ва 40 миллион доллари боқимондаашро худи Тоҷикистон хоҳанд пардохт. Бар асоси созишномае, ки вазоратхонаҳои энержии ду кишвар ба думбол имзо карданд, баъди сохта шуданаш даромад аз тавлидоти нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯдаро тайи 12, 5 сол ҷониби Эрон ба худ ихтисос хоҳад дод. Қарор шуда, ки баъдан ин нирӯгоҳ моликияти Тоҷикистон шавад.

Эмомалӣ Раҳмонов дар маросими шурӯъи сохтмони Сангтӯдаи ду ва ҳам дар мулоқоти алоҳидае, ки баъдан дар Душанбе бо вазири нирӯи Эрон Саид Парвизи Фаттоҳ дошт, дӯстиву ҳамкорӣ бо Эронро аз руъуси сиёсатҳои давлаташ номид. Саид Парвизи Фаттоҳ, вазири нирӯи Эрон дар расми ифтитоҳи сохтмони Сангтӯдаи ду гуфт, бунёд шудани ин нирӯгоҳ рушди иқтисоди ҳам Тоҷикистону ҳам Афғонистонро таҳрик дода, заминаро бароии ҳамкориҳои бештар танготанги ин кишварҳо бо Эрон фароҳам хоҳад овард.

Рӯзи сешанбе 21 феврал вузарои энержии Тоҷикистону Эрону Афғонистон ба созишномаи сеҷонибае имзо гузоштанд, ки бунёди як хатти баландшиддати интиқоли нирӯи барқ аз ниругоҳи Сангтӯдаи ду то шаҳри Машҳади Эронро дар назар дорад. Хатти мазкур шабакаҳои интиқоли нирӯи барқи Тоҷикистонро тавассути қаламрави Афғонистон бо шабакаҳои барқи шарқи Эрон хоҳад пайваст. Вазири энержии Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон гуфт, Бонки Осиёии Рушд низ ҷиҳати бозсохти хаттҳои интиқоли нирӯи барқ, ки Шерхонбандарро тавассути пули Хумрӣ бо Кобул мепайвандад, як қарзи боимтиёзи 50-миллиондолларӣ ихтисос додааст. Ба гуфтаи Исмоилхон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазири энержии давлаташ дастур дода, ки акнун масъалаи бо Шерхонбандар пайвастани хаттҳои интиқоли нирӯи барқи Тоҷикистонро барасӣ кунад.

Оқои Нурмуҳаммадов ба навбаи худ аз тарҳи ниругоҳ ва обанбори Даштиҷум таъриф кард, ки ҳазинааш тақрибан 3 миллард доллар ҳисоб шуда, бояд бар фарози рӯди Панҷ дар марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта шавад. Ҷӯрабек нурмуҳаммадов, вазири энержии Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки шояд алакай дар авоили моҳи март созишномаи сеҷониба байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ҷиҳати бунёди як хатти дигари бюаландшиддати интиқоли нирӯи барқ имзо шавад, ки аз Тоҷикистон тавассути дараи Вахони Афғонистон то шимоли Покистон кашида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG