Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фалокати Маскав 5 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд


Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба нақл аз Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия хабар дод, ки дар фурӯафтии боми бозори Басмани Маскав, аз рӯйи маълумоти пешакӣ, 5 шаҳрванди Тоҷикистон низ ба ҳалокат расидаанд. Номи онҳо то ҳол дақиқ нашудааст ва сафорат кӯшишҳои шинохти ҷасад ва барқарор кардани асноди шахсии қурбониёнро идома медиҳад. Ба гуфтаи намояндаи расмии сафорат Муҳаммади Эгамзод, ҳамчунин 3 шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ шуда, дар бемористонанд ва 4 нафари дигар, ки сабук маҷрӯҳ шудаанд, баъд аз мадади аввалияи тиббӣ аз бемористон ҷавоб шуданд. Барои дарёфти тафсилоти бештар ва мадад ба ҳамватанони ҷабрдида, бо супориши сафири Тоҷикистон дар Русия Сафар Сафаров чанд дипломати тоҷик ва намояндаи Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар Русия вобаста шудаанд. Дирӯз то поси шаб Консули Тоҷикистон Тоҳир Аҳмадов дар ситоди рафъи паёмадҳои ҳодиса буд. Намояндагони дигари сафорат яке дар ҷойи воқеа, дигаре дар сардхонаи шаҳр (морг) аст, ки он ҷо раванди шинохтани ҳалокшудагон давом дорад.
XS
SM
MD
LG